Дар қаламрави мамлакат имрӯз ҳавои абрноку боронист

Декабрь 28, 2016 10:14

ДУШАНБЕ, 28.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, шабона борон меборад. Ҳамчунин фарогирии туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 12 то 14 дараҷа гарм мешавад.
Бино ба маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, дар вилояти Бадахшон ҳаво абрнок шуда, барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят 5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят аз 3 то 8 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар баландиҳои 2000 ҳазор метр бориши барф ба қайд гирифта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр ва дар ноҳияҳои алоҳида то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 10 то 15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо аз 6 то 11 дараҷа гармӣ пешгӯйӣ мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок пешгӯйӣ шуда, борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳо бориши барф шиддат мегирад. Шабона дар баландиҳои 2000 метр барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 3 то 8 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барфи кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 28, 2016 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд