Дар ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон ярмарка-фурӯши маводи арзони ғизоӣ доир шуд
ХОРУҒ, 16.12.2016. /АМИТ Ховар/. Бо ибтикори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ баргузор шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Намояндаи Агентии мазкур Раҳматшо Идиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт: «Як ҳафта пеш чунин ярмарка- фурӯши хӯрокворӣ дар баъзе деҳоти аз зилзила осебдидаи водии Бартанги ноҳияи Рӯшон роҳандозӣ шуд. Ба сокинони ин деҳот дар баробари маводи ғизоӣ ҳамчунин маводи сӯхт низ бо нархи арзон дастрас гардид. Дар шаҳри Хоруғ моҳе ду-се бор чунин ярмаркаҳо доир гашта, сокинони деҳот низ аз он бархурдор мегарданд. Аммо дар фасли сармо ба иллати боронгариҳо рафтуомади сокинони деҳот ба маркази вилоят мушкилтар мешавад. Аз ин рӯ қарор додем, ки ин ярмакаҳоро бевосита дар худи маркази ҷамоатҳо баргузор намоем».
Як нафар аз харидорон, ки худро Насруллобек Тайғунов муаррифӣ кард, ин иқдоми агентиро саривақтӣ шумурда, баён дошт, ки «ман чанд ҳафта пеш аз бозори шаҳри Хоруғ маводи ғизоӣ харидам. Ҳоло нархи чанд намуди маводро мушоҳида кардам, ки дар ҳақиқат нисбат ба мағозаву бозорҳо хеле арзон мебошанд. Масалан, нархи як кило биринҷ дар бозор аз 8 то 10 сомонӣ, аммо ин ҷо 5 сомониву 50 дирам аст. Орд дар мағозаву бозор аз 165 то 170 сомонист, аммо Агентии захираҳои моддӣ онро бо нархи қобили қабул, яъне 155 сомонӣ ба фурӯш гузоштааст. Дигар маводи ғизоӣ, аз қабили шакару равған, чою макарон, сабзавотро низ аз ин ҷо бо нархи арзон дастрас кардан мумкин аст».
«Кормандони Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифтаанд, ки то поёни фасли зимистон дар ҳамаи деҳоти дурдасти ноҳияҳои вилоят чунин ярмакаҳоро баргузор намоянд»,-хабар дод манбаъ.