Дар шаҳри Хоруғ сабқати вилоятӣ оид ба шоҳмот оғоз шуд
ХОРУҒ, 08.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Шарқ Ко» беҳтарин шоҳмотбозон аз шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар меҳмонхонаи «Сирена» барои гирифтани роҳхат ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба рақобат пардохтанд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар додааст.
Сардовари сабқат Вафомамад Нурмамадов ба соҳибкорони ватанӣ барои дар сатҳи баланд муҳайё кардани шароит барои шоҳмотбозон изҳори сипос намуда, гуфт: «Бори аввал мо дар ин мусобиқа аз соатҳои махсус барои ҳисоби дақиқи вақт ва тахтаҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ истифода мекунем. Лавозимоти варзиширо низ ҷамъияти мазкур дар ихтиёри варзишгарон гузошт. Федератсияи шоҳмоти вилоят ҳамчунин аз роҳбарияти ширкати барқии «Помирэнерҷӣ» барои тарғибу рушди ин намуди варзиш дар миёни наврасону ҷавонон ва оммавӣ гардонидани он миннатдор аст».
Панҷ сол пеш бо ташаббуси ширкати мазкур дар синфҳои ибтидоии мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Хоруғ дарси шоҳмот роҳандозӣ шуд. Ҳоло қариб 100 нафар кӯдакон ба омӯзиши ин намуди ҷолиб ва шавқовари варзиш машғул мебошанд.
Ба гуфтаи Вафомамад Нурмамадов, «солҳои қаблӣ дар чунин сабқатҳо ҳамагӣ аз даҳ то 15 нафар ширкат мекарданд, аммо ҳоло теъдоди онҳо то ба 50 нафар расидааст».
Сабқат то 12 декабр давом мекунад. Ғолибон аз ҷониби ҶСШП «Шарқ Ко» бо мукофоти пулӣ сарфароз мегарданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






