Дар замони иқтисоди бозорӣ раванди идораи истеҳсолот вобаста ба нақши технологияҳои иттилоотӣ тағйир меёбад
ДУШАНБЕ, 31.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар толори Шӯрои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Таҷриба ва дурнамои татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» доир шуд.
Дар конфронс олимону муҳаққиқон, коршиносон ва собиқадорони соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ширкат варзиданд.
Ректори донишкада, профессор Диловар Қодирзода баён намуд, ки мо дар замони бунёди тамаддуни иттилоотӣ, ки зодаи натиҷаи рушд ва такмилёбии пайвастаи техлогияҳои иттиллотӣ- компютерӣ мебошад, фаъолият дорем.
Зикр шуд, ки дар замони иқтисоди бозорӣ раванди идоракунии истеҳсолот вобаста ба нақши технологияҳои иттилоотӣ мунтазам тағйир меёбад. Нақши технологияҳои иттилоотӣ дар рушди ҷомеа дар суръати равандҳои дарёфт, паҳнсозӣ ва истифодаи донишҳои нав аз ҷониби ҷомеа таҷассум меёбад. Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ, тавре таҷрибаи пешқадами пешрафтҳо нишон медиҳад, аз муҳимтарин мутаҳаррики пешбарандаи иқтисодиёт ба ҳисоб меравад.
Аз ин рӯ, аз дастовардҳои технологияҳои иттилоотӣ ҷиҳати пешбурди иқтисодиёти миллӣ бояд самаранок истифода бурд.








БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






