Футбол: бозии таҷрибавии «Истиқлол» -«Ҳосилот»- 2:2
ДУШАНБЕ, 28.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и Фархор, ки соли оянда шарафи Тоҷикистонро дар бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ҳимоя мекунанд, дирӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бозии таҷрибавӣ ва санҷишии худро бо натиҷаи 2:2 мусовӣ ҷамъбаст карданд.
Вохӯрӣ зери борон ҷараён гирифт. Дар натиҷа Нозим Бобоҷонов (12) ва Ҷаҳонгир Алиев (35) аз дастаи «Истиқлол» ва Муҳаммадҷони Ҳасан (24) ва Сафаралӣ Каримов (50, аз зарбаи пеналтӣ) ба задани гол мушарраф шуданд.
КФ «Истиқлол» аввалин бозии худро таҳти роҳбарии мураббии нави худ-Мӯҳсин Муҳаммадиев баргузор кард.
Ҳайати дастаҳо дар ин бозии санҷишӣ чунин буд:
«Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев (Беҳрӯз Хайриев, 46), Соҳиб Саванқулов (Сиёвуш Асроров, 46), Петро Ковалчук (Масиҳ Саидғанӣ, 46), Аҳтам Назаров, Дилшод Восиев (Табрези Давлатмир, 46), Дэвид Мавутор, Амирбек Ҷӯрабоев (Фаридун Шарифов, 57), Манучеҳр Ҷалилов, Нозим Бобоҷонов (Ромиш Ҷалилов, 54), Ҷахонгир Алиев, Фатҳулло Фатҳуллоев (Шаҳром Сулаймонов, 62).
«Ҳосилот» (Фархор): Фатҳулло Бобоев (Рустам Ризоев, 46), Ойбек Абдуғаффоров, Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов (Ҳикматулло Расулов, 46), Мӯсо Содиқ (Абдурасул Раҳмонов, 46), Абдусамад Хоҷибоев (Хайрулло Азизов, 46), Майкл (Бахтиёр Қаландаров, 46), Муҳаммадҷони Ҳасан (Саидхони Амрохон, 46), Акуффо Гершон (Наврӯз Рустамов, 46), Иброҳим Рабимов, Агблей Джонс (Шодибек Гаффоров, 46).
Довари майдон: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
Огоҳӣ гирифтанд: Беҳрӯз Хайриев, Масиҳ Саидғанӣ («Истиқлол»), Иброҳим Рабимов («Ҳосилот»).








PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид






