Футбол: мусобиқа барои ҷоизаи Александр Кирсанов ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 27.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи анъанавии футболбозон аз футзал барои хотира ва ҷоизаи собиқ бозингари дастаҳои «Помир»-и Душанбе, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Ирригатор»-и Душанбе Александр Кирсанов дар Маҷмааи варзишии Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ (МҶМОВ), ки беш аз як моҳ давом кард, ба анҷом расид.
Мусобиқаи имсола дар се гурӯҳ футболбозони касбӣ, дӯстдорони футбол (ғайрикасбӣ) ва собиқадорон гузаронида шуд. Миёни дастаҳои касбӣ футболбозони «Соро компания» ва «Газпром» дар бозии ниҳоӣ бо ҳам қувва озмуданд. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 3:3 ба анҷом расид. Барои муайян кардани ғолиб зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ таъйин шуданд. «Соро компания» бо ҳисоби 5:4 ғолиб омада, соҳиби ҷои аввал гардид.
Натиҷаи ҷамъбастии мусобиқа дар гурӯҳҳо чунин аст:
Гурӯҳи футболбозони касбӣ
Бозӣ барои ҷои сеюм
«Бонки миллӣ» — «Вавилон» 7:11
Финал
«Газпром» — «Соро компания» 3:3. Аз зарбаҳои пеналти 4:5
Гурӯҳи дӯстдорони футбол (ғайрикасбӣ)
Бозӣ барои ҷои сеюм
ФФТ Кумитаи андоз 4:10
Финал
«Вавилон» — «Динамо» 4:2
Гурӯҳи собиқадорон
Бозӣ барои ҷои сеюм
«Роҳи тоҷик» «Ирригатор» 3:7
Финал
«Динамо» ВКД Академияи «Истиқлол» 2:3








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад






