Имрӯз -Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия: Муқовимат ба коррупсия вазифаи ҳар шахси ватандӯст ва соҳибмаърифат мебошад

Декабрь 9, 2016 16:57

ДУШАНБЕ, 9.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз масъалаҳои ҷаҳонӣ дар ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб рафта, содиршавии чунин ҷиноятҳо ба сатҳи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфии худро мерасонанд.

Раванди ташаккули мафҳуми ҳозираи коррупсия дар тамаддуни ҷаҳон таърихи чандҳазорсола дорад. Башарият, аз ҷумла гузаштагони тамаддунофари мо  дар осори гаронмояи хеш бамаврид ришвахӯриро чун як аъмоли касифи инсонӣ зери танқид қарор додаанд. Пас, маълум мегардад, ки мубориза бар муқобили порахӯриву ришваситонӣ реша бар умқи асрҳо дорад.

Дар қарни ХХ низ коррупсия ва дигар ҷиноятҳои иқтисодии ба он алоқаманд ҳамчун зуҳуроти номустаҳкам гаштани пояи давлат эътироф шудаанд. Созмони Миллали Муттаҳид дар ин самт ба муваффақиятҳои зиёд ноил гардидааст. Ҳамаи давлатҳои ҷаҳони муосир дар атрофи ақидаи муқовимат бо коррупсия чун монеаи рушд муттаҳид гардидаанд.

Барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бурдан ба фаъолияти коррупсионӣ 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия қабул карда шуда, он 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлатбарои ҳамроҳшавии дигар давлатҳои ҷаҳон кушода эълон гардид.

Бо назардошти моҳияти ин масъала аз соли 2003 бо ташаббуси Маҷмаи кулли  СММ 9 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия дар тамоми ҷаҳон эълон гардид. Ин Конвенсия  ҳуҷҷатест, ки асосҳои ҳуқуқии пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия аз ҷониби давлатҳои аъзо ва меъёрҳои самти фаъолиятро ба танзим медарорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ҳуҷҷат 25 сентябри соли 2006 имзо гузоштааст ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16 апрели соли 2008 тасдиқгардид.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсону шаҳрванд, инчунин ҷамъияту давлат аз коррупсия, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия, ҳамкорӣ бо қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, васеъ ва фаъол гардонидани ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо коррупсия барномаҳои муҳим таҳия ва дар амал татбиқ намуда истодааст.

Ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,баҳри пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия, пешгирии тасарруфи моликияти давлатӣ бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ дар 11 моҳи соли 2016 аз ҷониби Агентӣ 1766 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ба маблағи 179.917.354 сомонӣ ошкор ва ба қайд гирифта  шудааст, ки дар ин давра маблағи 89.212.118 сомонии он барқарор карда шудааст.

Бино ба маълумоти маркази матбуотии Агентӣ, дар самти ошкор ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии дорои хусусияти коррупсионӣ санҷишҳо гузаронида шуда, 937 ҳолати ҳуқуқвайронкунии мазкур  ошкор гардида, ба  маблағи 759560 сомонӣҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардид. Аз ин 713 160 сомониаш ба буҷет ворид карда шуд.

Бо мақсади давра ба давра паст кардани сатҳи коррупсия ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ дар ҷумҳурӣ, Агентӣ гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо, гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар вазорату идораҳо, ҷоннок намудани фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, таъмини иҷрои саривақтии барномаҳои зиддикоррупсионӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, баргузор намудани семинару конфронсҳо ва корҳои тарғиботию ташвиқотӣ баҳри баланд бардоштани мафкураи зиддикорупсионии шаҳрвандонро ба роҳ мондааст.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, бо мақсади паст кардани шиддати коррупсия дар ҷумҳурӣаз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода менамояд.

 

Мавҷуда АНВАРӢ

 

 

Декабрь 9, 2016 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст