Имрӯз-Рўзи байналмилалии муҳоҷир: Муҳоҷирати меҳнатӣ- василаи табодули таҷриба ва ҷалби сармоя

Декабрь 18, 2016 08:18

ДУШАНБЕ, 18.12.2015. /АМИТ «Ховар»/. 18 декабри соли 1990 Ассамблеяи генералии СММ Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаҳои онҳоро қабул намуд.  4 декабри соли 2000 Ассамблеяи мазкур Рўзи байналмилалии муҳоҷиронро, ки ҳамасола 18 декабр ҷашн гирифта мешавад, ба расмият даровард. Гуфта мешавад, ки Рўзи байналмилалии муҳоҷир аз он сарчашма мегирад, ки солҳои охир теъдоди муҳоҷирон дар тамоми дунё рўз то рўз меафзояд.

Ассамблея дар оянда риояи қонунҳои ҳимояи инсон ва озодиҳои асосии ҳамаи муҳоҷиронро муҳим ҳисобид.

Вобаста ба ин рӯз дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис баргузор гардид.

Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода иброз намуд, ки дар баробари Тоҷикистон дар бисёр мамлакатҳои дигар ин рўз ҷашн гирифта мешавад. «Бахшида ба ин рӯз ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ дар паҳн намудани маълумот оид ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии муҳоҷирон бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои гуногун ва семинарҳои корие, ки қонун дар бораи муҳоҷиронро дар бар мегиранд, саҳми худро мегузоранд»,-илова намуд Тоҳир Каримзода.

Дар айни замон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷират бо мақсади мӯътадил гардонидани вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҷомеа ва таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар  вазифаҳои асосии ҳалталабро дар ин раванд муайян кардааст. Ин, пеш аз ҳама, танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа, таълими касбӣ ва забономӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ, бо кор таъмин кардани шаҳрвандон дар дохил ва хориҷи кишвар, робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби онҳо дар рушди ҷоеаи шаҳрвандӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

«Имрўз Хадамоти муҳоҷират дар  100  адад фитта матни саволу ҷавоби тестҳоро оид ба омўзиши забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории он  сабт намуда, ба сохторҳои зертобеи худ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас намудааст. Ҳамзамон ба ҳамаи шуъбаҳо ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо махзани маълумот нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо аз 3 то 5 сол ворид гардидан ба қаламрави Федератсияи Русия манъ аст, супорида шуд. Акнун сокинони ноҳияҳои минтақаи Рашт дар баробари дигар сокинони кишварамон метавонанд ба пойтахти мамлакат нарафта, маълумоти заруриро оид ба мамнўъшудагон дар ноҳияи худ дастрас намуда, маблағи оилавӣ ва вақти ғанимати худро сарфа кунанд»,- илова намуд Тоҳир Каримзода.

Сармутахассиси  Шуъбаи байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзӣ Лайло Аҳмадова дар робита ба таҷлили ин рӯз гуфт: «Ҳамасола дар ин рўз ҷомеаи байналмилалӣ даъват ба амал меорад, ки давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи хосаро ба шумораи зиёди муҳоҷирон, ки дур аз ватан дар ҳолати вазнин қарор доранду ба кумаку дастгирӣ ва ҳимояи худ эҳтиёҷ доранд, равона созанд. Мувофиқи  санҷиши коршиносон ҳар нафари сиву панҷуми курраи замин муҳоҷир буда, дур аз ватани хеш фаъолият дорад. Муҳоҷирати  меҳнатӣ ҳамчун падида таърихи ҳазорсола дорад. Дар ҳама давру замон ин раванд буд, ҳаст ва боқӣ мемонад. Муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҷаҳони муосир як раванди ногузир маҳсуб гардида, бархе аз мамолики пешрафта онро ҳамчун василаи табодули таҷриба, тарбияи мутахассисон ва ҷалби сармоя медонанд».

Тибқи омори Созмони байналмилалии муҳоҷират  имрўз шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон ба зиёда аз 240 миллион расида, мувофиқи пешбиниҳои СБМ то соли 2050 ин шумора ба 405 миллион мерасад.

Аз ин хотир, кишварҳои хориҷи дуру наздик ба равандҳои муҳоҷират диққати ҷиддӣ дода, кўшиш менамоянд то ин равандро танзим ва ба шакли дуруст ба роҳ монанд.

Тоҳир Каримзода зикр кард, ки Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади  танзими раванди муҳоҷират, беҳтар намудани шароити буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва бахусус, Федератсияи Русия, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, баланд бардоштани сатҳи таълими касбӣ ва забономўзии муҳоҷирони меҳнатӣ, вусъати равобит бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби онҳо дар рушди иқтисодиёти мамлакат, дар оянда низ кўшиш менамояд ҳамкории худро бо мақомоти дахлдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ пурзўр намуда, ба натиҷаҳои назарраси фаъолият ноил гардад.

 

Декабрь 18, 2016 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад