«Ҳисор шаҳре дар масири рушд», «Резатилло» — шарҳи матбуот
ДУШАНБЕ, 08.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷумҳурият» — нашрияи расмии мамлакат дар шумораи навбатӣ аз 5 декабри соли равон мақолаи Прокурори генералӣ Раҳмон Юсуфро бо сарлавҳаи «Пешвои миллат ва ташаккули бонизоми мақомоти прокуратура» чоп кардааст. Муаллифи мақола навиштааст: «Президенти мамлакат дар саргаҳи ташаккули сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар қарор дошта, аз оғози рисолати худ фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратиро ба тақвияти мубориза бо ҷинояткорӣ равона намуданд. Дар давраи баъдиҷангӣ дар дасти аҳолӣ ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша миқдори зиёди силоҳи оташфишон қарор дошта, оромии сокинони кишвар ва фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор мекард. Аз ин лиҳоз, Президенти мамлакат моҳи декабри соли 1994 «Дар бораи ихтиёран супоридан ва мусодира намудани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ» фармон ба имзо расонданд. Дар раванди иҷрои фармони мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даҳҳо ҳазор мил силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст».
Дар шумораи мазкури нашрия мақолаҳои «Ҳисор шаҳре дар масири рушд», «Резатилло», «Ҷазои ҷисмонӣ», «Бародарони гумроҳ» ва дигар хабару гузоришҳо аз ҳаёти мамлакат ва кишварҳои хориҷӣ пешкаши хонандагон шудаанд.
Хабари «Суҳбати телефонӣ бо Президенти тозаинтихоби Ӯзбекистон» ва мақолаи «Нигаронӣ аз камбудиҳои зиёд дар соҳаи маорифи вилояти Суғд» дар саҳифаи аввали «Ҷумҳурият» (6.12.2016, №239) дарҷ гардидаанд. Мақолаи доктори илмҳои санъатшиносӣ Низом Нурҷонов «Вақте ки завқ нест…» аз таърихи драманависӣ дар адабиёти тоҷик, хусусиятҳои ин жанр, нахустадибоне, ки драма навиштаанд ва мушкилоти мавҷуда дар ин бахши муҳими адабиёт нақл мекунад.
Дар шумораи дирӯз нашршудаи «Ҷумҳурият» (7.12.2016,№240) гузориши муфассали хадамоти матбуоти Президенти мамлакат аз мулоқоти Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон бо Лилия Бурунчук ва Йоҳаннес Линн пешкаши хонандагон шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар мулоқоти мазкур масоили гуногуни вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир, таъсири буҳрони молиявӣ ба иқтисоди кишварҳои олам ва дарёфти роҳҳои нави ҳалли ин мушкилот баррасӣ гардидааст. Мақолаҳои «Дӯхти курта аз нархи матоъ баланд мешавад, чаро?», «Бадахшон, чанд паҳлӯи як проблема», «Изтироб, беэҳтиётии ронандаҳо боиси ҳалокати кӯдакон мешавад» ва дигар хабарҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ аз ҷониби хонандагон хуш пазируфта мешаванд.
Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (7.12.2016,№150) Қарори Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъвати ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро чоп кардааст. Тибқи қарори мазкур ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 22 декабри соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Гузориш аз муҳокимаи сайёри парламентӣ «Оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети маҳаллии шаҳри Турсунзода дар 9 моҳи соли 2016», ки дар шаҳри Турсунзода баргузор гардида, дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи андоз ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа иштирок кардаанд, нақл мекунад. Мусоҳибаи узви Маҷлиси миллӣ, раиси ноҳияи Мурғоб Мурзабай Ҷошбаев бо сарлавҳаи «Баҳрабардорӣ аз конҳои маъдан яке аз сарчашмаҳои афзун гардондани буҷет ба ҳисоб меравад» дар ҳамин шумораи нашрияи парлумонии «Садои мардум» чоп шудааст.
«Президент: Дур аз Ватан дар бораи Ватан», «Тадқиқот: Тоҷикистон – аз ҳама кишвари озоди Осиёи Марказӣ», «Мо ба ҳамдигар даркорем», «Хотираи қавитар аз марг» — чунин аст муҳтавои нашрияи русзабони «Народная газета» (7.12.2016, № 50). Ҳамчунин дар шумораи навбатии нашрия хабару гузоришҳои муфассал аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон» чоп шудаанд.
«Омӯзгор» — нашрияи Вазорати маориф ва илм мақолаҳои «Ҷанбаҳои педагогию психологии дарс», «То накунӣ ҷойи қадам устувор», «Расм дар дарс», «Дили фарзанд нозук аст» ва мусоҳиба бо профессори кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи ДМТ Мурод Муродиро бо сарлавҳаи «Рӯзноманигоронро ҳирфаӣ тарбия намоем» чоп кардааст.
«Минбари халқ» — нашрияи марказии ҲХДТ аз сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Чехия гузориши муфассалро бо аксҳо нашр кардааст. Бахшида ба рӯзи таъсиси ҲХДТ, ки ба 10 декабр рост меояд, дар саҳифаҳои асосии нашрия силсилахабарҳои таърихӣ чоп шудаанд, ки аз таърихи 22 солаи ҳизб нақл мекунанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






