КФ «Диси-Инвест» — чемпиони секаратаи Тоҷикистон оид ба футзал гардид
ДУШАНБЕ, 07.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Клуби футболи «Диси — Инвест»-и Душанбе дар мусобиқаи Лигаи касбии футзали Тоҷикистон баъди ғалаба дар даври навбатӣ бар дастаи «Соро компания» бо натиҷаи 5:2 пеш аз муҳлат маротибаи сеюм унвони чемпиониро соҳиб шуд. Дар ин бора аз Лигаи футзали Тоҷикистон хабар доданд.
«Барои КФ «Диси — Инвест» ғолиб омадан дар вохӯрӣ бо дастаи «Соро компания ниҳоят муҳим буд. Дар оғоз «Соро компания» ба чемпион муқобилияти сахт нишон дода, бо ду голи Алиҷон Ҳабибуллоев ва Соҳиб Рауфов ба сафи пеш баромад ва «Диси -Инвест»-ро дар ҳолати ногувор гузошт. Аммо чемпионҳо ба худ омада, то анҷоми нимаи аввал ҳисобро баробар карданд ва дар нимаи дуюм боз се тӯби дигарро ба дарвозаи меҳмони худ зада, бо натиҷаи 5:2 пирӯзӣ ба даст оварданд ва чемпиони Тоҷикистон гардиданд»,-иттилоъ дод манбаъ.
Ёдрас мешавем, ки дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футзал 8 даста ширкат мекунанд. Алҳол дастаи «Газпром» дар зинаи дуюм ва «Соро компания» дар мақоми сеюм мебошанд.
Тартиби ҷадвали мусобиқот чунин шакл гирифтааст:
| Б | Ғ | М | Б | Т\т | И | ||
| 1 | «ДИСИ Инвест» (Душанбе) | 24 | 23 | 1 | 0 | 157-44 | 70 |
| 2 | «Газпром» (Душанбе) | 23 | 18 | 1 | 4 | 196-89 | 55 |
| 3 | «Соро компания» (Душанбе) | 26 | 16 | 2 | 8 | 149-73 | 50 |
| 4 | «Сипар» (Хуҷанд) | 27 | 14 | 2 | 11 | 166-118 | 44 |
| 5 | «Карон» (Душанбе) | 23 | 10 | 0 | 13 | 121-123 | 30 |
| 6 | «Самандар» (Турсунзода) | 23 | 5 | 0 | 18 | 82-148 | 15 |
| 7 | «Иттиҳод» (Душанбе) | 25 | 4 | 0 | 21 | 93-182 | 12 |
| 8 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 22 | 3 | 0 | 19 | 50-234 | 9 |
Нишонзанҳои беҳтарин: Шерзод Ҷумъаев («Газпром») – 70 тӯб, Меҳрубон Тиллозода («Газпром») – 57 , Сиёвуш Қаюмов («Соро компания») – 43 тӯб.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






