КМТ: Дар соли 2016 зиёда аз 22 ҳазор нафар ба узвияти Китобхона пазируфта шуданд

Декабрь 26, 2016 17:40

mahmudov-800ДУШАНБЕ, 24.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2016  бо ҳама бурду бохт барои мардуми шарифи Тоҷикистон соли бобарору  таърихӣ буд, зеро дар ин сол миллати тоҷик 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистонро  бо дастовардҳои муҳиму назаррас таҷлил намуд. Кормандони  Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки яке аз марказҳои илмиву маърифатии кишвар маҳсуб мешавад, дар ин сол шумораи аъзояшонро хеле зиёд карданд. Дар робита ба як соли фаъолияти ин муассиса бо муовини директори КМТ  Гадобек Маҳмудов суҳбат намудем.

«Дар  соли 2016 зиёда аз 22 ҳазор нафар ба узвияти Китобхона пазируфта шуда, теъдоди  умумии онҳо ба 105 ҳазор нафар расид. Дар соли равон дар Китобхона қариб 35 ҳазор нусха адабиёт ба маблағи умумии зиёда аз 1 миллион сомонӣ харидорӣ гардида,  ба фонди Китобхона  наздик ба  25 ҳазор адабиёти тозанашр  ворид карда шуд.  Дар баробари ин Китобхонаи миллӣ  якчанд лоиҳаву  барномаҳоро таҳқиқу пешниҳод кард. Тибқи  ин лоиҳаҳо омӯзиши курсҳои такмили ихтисоси кӯтоҳмуддат дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд. Ин иқдом барои пешравии фаъолияти касбии китобдорон  дар минтақаҳо аҳамияти калон дошт».

Ба иттилои Гадобек Маҳмудов, ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ барномае таҳти шиори «Биёед ,ба китобхона меравем» роҳандозӣ гардид. Он барои ҷалби хонандагон, бахусус донишҷӯёну толибилмони муассисаҳои таълимии кишвар ба китобхонаву китобхонӣ мусоидат намуд.

«Дар соли равон 367 ҳазору  739 нафар хонандагон ба Китобхонаи миллӣ барои китобхонӣ омаданд, ки нисбат ба соли гузашта 111 ҳазор нафар зиёд мебошад. Ба  ҳисоби миёна ҳамарӯза ба Китобхона  1050 нафар хонандагон меоянд. Инчунин дар соли 2016  сомонаи Китобхонаи миллӣ хеле фаъол буд ва  аз он 291 ҳазору 438 нафар  баҳра бардоштанд.

Дигар дастоварди Китобхона  дар соли сипаригардида-, ин  баргузории  зиёда аз   120 барномаи фарҳангии дорои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад, ки нисбат ба  соли 2015  шаш номгӯй зиёд аст. Ҳамзамон  маъмурияти Китобхона ҷиҳати забономӯзии ҷавонон ва дигар хонандагон курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷиро, ки аз ҳисоби мутахассисони ботаҷриба ташкил гардидааст,  ба роҳ мондааст. Ин иқдом минбаъд низ идома хоҳад ёфт.  Дар маҷмӯъ, соли 2016 барои кормандони Китобхонаи миллӣ соли сермаҳсулу бобарор буд».- илова намуд  Гадобек Маҳмудов, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Декабрь 26, 2016 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд