Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 9-уми декабри соли равон бахшида ба рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзўи «Ҷиноятҳо ба муқобили моликият ва муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори конференсияи мазкур олимони маъруфи ватанӣ, вакилони мардумӣ, судяҳо, прокуророн, муҳаққиқон, аспирантон, мутахассисони варзидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок намуданд. Конференсияро декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Дилшод Сафарбек ифтитоҳ намуд.Номбурда зикр намуд, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии онҳо эътироф гаштааст. Бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва андешидани чораҳои зарурӣ дар сатҳи миллӣ маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, доктринаи миллии ҳуқуқӣ дар ин соҳа ташаккул дода шуд. Дарёфти роҳи пурсамар ва такмилёфта дар самти мубориза ба муқобили коррупсия ва ҷиноятҳо ба болоравии обрӯ ва нуфузи давлат ва мақомоти он мусоидат менамояд. Лозим ба ёдоварист, ки коррупсия дар радифи дигар зуҳуроти зиддиҷамъиятӣ, ҳамчун коҳишдиҳандаи реҷаи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, адолат ва боварии мардум ба давлат маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, дастаҷамъона мубориза бурдан бо омилҳои коррупсионӣ ва анҷом додани ҳама гуна чораҳои зарурӣ баҳри пешгирии он метавонад ба рушди босуботи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварад. Дар фарҷом изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои кори конференсия барои такмили низоми ҳуқуқии кишвар дар самти мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳо аз ҳар ҷиҳат муфид ва самарабахш хоҳад буд. Пас аз анҷоми кори конференсия зимни қабули қатънома қарор карда шуд, ки таклифу тавсияҳо ва пешниҳодҳои илман асосноку судманд ҷиҳати такмили қонунгузории амалкунанда ба сохторҳои дахлдор ирсол карда шавад.












SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






