Кормандони «Боҷу хироҷ»: Паёми Пешвои миллат- сармашқи фаъолияти мост!
ДУШАНБЕ, 23.12.2016. /АМИТ «Ховар». 22 декабри соли равон кормандони ҳафтавори «Боҷу хироҷ»-и Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Кумита ҷамъ омада, бо рӯҳияи баланди сиёсӣ Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карданд.
«Паёми имсолаи Пешвои миллат, ки фарогири соҳаҳои мухталифи кишвар буд, муждае неке аз ояндаи дурахшони кишвар аст. Он кормандони ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ»-ро рӯҳбаланд намуд, то бо неруи даҳчанд барои пешравию рушди устувори Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ диҳанд. Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад. Кормандони ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» низ бо бардошти муассир аз ҳар як нуктаи Паём онро сармашқи кори худ мегардонанд»,-хабар доданд аз рӯзнома.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






