Лигаи чемпионҳои Аврупо: Имрӯз бозиҳои гурӯҳӣ ба анҷом мерасанд
ДУШАНБЕ, 7.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Аврупо шоми имрӯз ба анҷом мерасанд. Дар силсилаи ин рақобатҳо дирӯз дар 4 гурӯҳ бозиҳо хотима ёфтанд. Дар гурӯҳи «А» «Арсенал» бар «Базел» дар сафар бо натиҷаи 4:1 ғалаба карда, соҳиби 14 имтиёз ва ҷои аввал гардид.
Вохӯрии клубҳои ПСЖ ва «Лудогоретс» (2:2) мусовӣ ҷамъбаст шуд. «Арсенал» ва ПСЖ муборизаро барои Ҷоми чемпионҳо идома медиҳанд. «Лудогоретс» аз ҷои сеюм ба Лигаи Аврупо гузашт.
Ҷадвали ниҳоии гурӯҳи «А» чунин аст:
| Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т\т | И | |
| 1 | АРСЕНАЛ | 6 | 4 | 2 | 0 | 18-6 | 14 |
| 2 | ПСЖ | 6 | 3 | 3 | 0 | 13-7 | 12 |
| 3 | ЛУДОГОРЕЦ | 6 | 0 | 3 | 3 | 6-15 | 3 |
| 4 | БАЗЕЛ | 6 | 0 | 2 | 4 | 3-12 | 2 |
Дар гурӯҳи «В» «Динамо»-и Украина бори аввал дар мавсими имсолаи Лигаи чемпионҳо ба ғалаба комёб гардид. Ин даста «Бешикташ»-и Туркияро бо ҳисоби 6:0 шикаст дода, нагузошт, ки аввалин маротиба дар таърихаш «Бешикташ» ба бозиҳои плей-офф роҳхат гирад.
«Наполӣ» аз ин гурӯҳ «Базел»-ро дар меҳмонӣ ба мағлубият (2:1) дучор кард.
| Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т\т | И | |
| 1 | НАПОЛИ | 6 | 3 | 2 | 1 | 11-8 | 11 |
| 2 | БЕНФИКА | 6 | 2 | 2 | 2 | 10-10 | 8 |
| 3 | БЕШИКТАШ | 6 | 1 | 4 | 1 | 9-14 | 7 |
| 4 | ДИНАМО К | 6 | 1 | 2 | 3 | 8-6 | 5 |
Дар гурӯҳи «С» Барселона бо як голи Месси ва се голи Арда Туран бар «Боруссия»-и Олмон бо ҳисоби 4:0 ғалаба кард. «Манчестер Сити» ва «Селтик» бо ҳам мусовӣ (1:1) бозиданд.
| Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т\т | И | |
| 1 | БАРСЕЛОНА | 6 | 5 | 0 | 1 | 20-4 | 15 |
| 2 | МАНЧЕСТЕР СИТИ | 6 | 2 | 3 | 1 | 12-10 | 9 |
| 3 | БОРУССИЯ М | 6 | 1 | 2 | 3 | 4-11 | 5 |
| 4 | СЕЛТИК | 6 | 0 | 3 | 3 | 5-16 | 3 |
Ниҳоят дар гурӯҳи «D» вохӯрии ду дастаи пурқувват -«Бавария» ва «Атлетико» бо ғалабаи соҳибони майдон(1:0) –олмониҳо ба анҷом расид. «Ростов» дар сафар бо ПСВ натиҷаи мусовии (0:0) барояш мувофиқро барои роҳхат гирифтан ба лигаи Аврупо комёб гардид.
| Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т\т | И | |
| 1 | АТЛЕТИКО | 6 | 5 | 0 | 1 | 7-2 | 15 |
| 2 | БАВАРИЯ | 6 | 4 | 0 | 2 | 14-6 | 12 |
| 3 | РОСТОВ | 6 | 1 | 2 | 3 | 6-12 | 5 |
| 4 | ПСВ | 6 | 0 | 2 | 4 | 4-11 | 2 |
Имрӯз дастаҳои зерин бо ҳам қувва меозмоянд:
Ёдрас мешавем, ки соҳибони ҷои аввал ва дуюм муборизаро барои Ҷоми Лигаи чемпионҳо ва мақоми сеюм барои Ҷоми Аврупо идома медиҳанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






