Ҷоизаҳои соли 2016 — ҳама бо нишони Криштиану Роналду
ДУШАНБЕ, 28.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2016 барои ҳамлагари дастаи «Реал»-и Мадрид ва тими мунтахаби Португалия аз беҳтарин солҳое ба шумор меравад, ки дар таърихи футбол ягон варзишгар ба чунин дастовард муваффақ нашудааст.
Ду рӯз қабл Роналду якбора соҳиби ду ҷоиза гардид. Аввлан дар шаҳри Дубаи Амороти Мутаҳидаи Араб бори сеюм ӯро бо ҷоизаи «Globe Soccer Awards», ки аз соли 2010 инҷониб ба беҳтарин бозингари ҷаҳон бо раъйдиҳии Ассотсиатсияи аврупоии агентҳои футбол (ЕФАА) ва Ассотсиатсияи клубҳои футболи Аврупо (ЕСА) муайян мекунанд, супориданд. Дуюм, ӯро ба ҳайси беҳтарин варзишгари соли 2016-и Агентии иттилоотии кишварҳои Аврупо дар Аврупо эълон карданд.
Криштиану Роналду 12 декабри соли равон маротибаи чорум соҳиби унвони беҳтарин футболбози ҷаҳон гардида, ҷоизаи «Тӯби тилло»-и «France Football»-ро ба худ ихтисос дод.
Аз рӯи иттилои «Mundo Deportivo» Роналду ҳамчунин 9 январи соли 2017 унвони «Беҳтарин футболбози сол»-ро аз ҷониби ФИФА соҳибӣ хоҳад кард. Он 9-уми январ дар шаҳри Тсюрихи Швейтсария супорида мешавад.
Криштиано Роналдуро дар Фаластин «Одами сол» шумориданд ва беш аз 1200 нафар бо роҳбарии президенти ин кишвар Маҳмуд Аббос дар маросими ҷоизасупорӣ ширкат карданд.
Роналду дар соли 2016 унвони чемпиони Аврупоро дар ҳайати дастаи мунтахаби Португалия ба даст оварда, бо «Реал» соҳиби Ҷоми Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми ҷаҳон байни клубҳо гардид. Дар ин бозиҳо низ ӯ ба ҳайси беҳтарин бозингар ва нишонзан эътироф шуд.
Криштиану Роналду душ Сантуш Авейру 5 феврали соли 1985 дар шаҳри Фуншали Португалия ба дунё омадааст. Аз соли 1993 то ба имрӯз дар ҳайати дастаҳои «Андориня», «Насйонал», «Спортинг», «Манчестер Юнайтед» ва дастаҳои мунтахаби Португалия бозӣ карда, ҳунарнамоиашро дар ҳайати КФ «Реал» идома медиҳад.
«Номи Роналду дар Португалия хеле кам ба чашм мерасад. Падараш Жозе Диниша Авейру ба хотири эҳтироми президенти онвақтаи Америка Роналд Рейган номи писарашро Роналду гузоштааст. Номи дуюми ӯ Криштиану аст»,-омадааст дар «ru.wikipedia.org».








Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид






