«Омӯзиши паҳлӯҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва таҳияи нақшаҳои тиҷоратӣ»-машварати илмию амалӣ дар ВМКБ
ДУШАНБЕ, 31.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. 30 декабри соли равон дар ноҳияи Дарвози ВМКБ таҳти унвони «Омӯзиши паҳлӯҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва таҳияи нақшаҳои тиҷоратӣ» бо фарогирии ҷавонони фаъолу соҳибтаҷриба ва ҷавононе, ки мехоҳанд дар оянда ҳамчун соҳибкори муваффақ фаъолият намоянд, машварати илмию амалӣ доир гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар семинар ҷавонон доир ба тарзи таҳия намудани нақшаи соҳибкорӣ, ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити худмаблағгузорӣ, роҳҳои дар муддати кӯтоҳ ноил гардидан ба муваффақият дар соҳаи соҳибкорӣ миёни ҳам табодули таҷриба ва афкор намуданд.