Паёми Президенти кишвар ба Парлумон тавассути тамоми шабакаҳои радио ва телевизионҳои давлатӣ мустақиман пахш мегардад
ДУШАНБЕ, 22.12.2016/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Баъди тасдиқи рӯзномаи ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Парлумони кишвар ба сӯи «Кохи Сомон» раҳсипор гардиданд. Дар «Кохи Сомон» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми навбатӣ ба Парлумони кишвар баромад менамояд, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои кишвар, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва ВАО иштирок доранд.
Бояд тазаккур дод, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавассути тамоми шабакаҳои радио ва телевизионҳои давлатӣ мустақиман пахш мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






