Рашт: кумаки унвонии иҷтимоӣ ба ашхоси камбизоат ва ниёзманд
РАШТ, 27.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рашт шумораи ашхоси камбизоат ва ниёзманд ба 4618 нафар мерасад. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» ноҳияи Рашт ҳамчун ноҳияи таҷрибавӣ ба ин барнома шомил карда шудааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Рашт Нуъмоншо Исматов иттилоъ дод.
Соли равон ба оилаҳои камбизоати ноҳия дар ҳаҷми 401 ҳазору 500 сомонӣ маблағҳо дастрас карда шуданд. Инчунин аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ ба 4397 оилаи камбизоату ниёзманд ва шахсони ятиму бепарастори ноҳия 994 ҳазору 311 сомонӣ кумаки пуливу озуқаворӣ расонида шуд.