Сарвари кишвар: Назорати фаъолияти бонкҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба талабот ҷавобгӯ нест
ДУШАНБЕ, 22.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Фаъолияти муътадили низоми бонкӣ дар шароити имрӯза яке аз омилҳои асосии тараққиёти босуботи иқтисодӣ ба шумор меравад,- таъкид доштанд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Пешвои миллат афзуданд, ки низоми бонкии кишвар ва назорати фаъолияти бонкҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест.
Вазъи фаъолияти бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ нишон медиҳад, ки дар натиҷаи таъсири манфии омилҳои дохиливу берунӣ ҳаҷми қарзҳои додашуда 32 фоиз коҳиш ёфта, сатҳи хизматрасонии низоми бонкӣ ба мизоҷон беҳбудӣ металабад.
«Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат, Бонки миллӣ ва Вазорати молия вазифадоранд, ки фаъолияти бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва корхонаву муассисаҳои буҷетиро ба таври қатъӣ назорат намоянд ва дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии амонатгузорон, пеш аз ҳама, нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ва иҷрои уҳдадориҳои бонкӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд»,-супориш доданд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






