Созишномаи сармоягузории ширкати «Хэнан Чжун-Я гурӯҳи холдингӣ» (ҶХХ) оид ба корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамидро вакилони Парлумон муҳокима намуданд

Декабрь 12, 2016 11:30

12ДУШАНБЕ, 12.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид. Зимни ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Хэнан Чжун-Я гурӯҳи холдингӣ» (ҶХХ) оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанд, масъалаи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» мавриди баррасии аъзои Шӯро қарор гирифт.
Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст. Тибқи лоиҳаи мазкур моддаи 289 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии қочоқи молу маҳсулот тавассути сарҳади давлатӣ, таҳкими рақобати солим дар бозори дохилӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли ватанӣ, мувофиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ бо кирдорҳои шахсони бо қочоқи молу маҳсулот машғулбуда, инчунин зиёд намудани воридоти маблағҳо ба буҷет дар таҳрири нав пешниҳод карда мешавад.
Мувофиқи иттилои сардори хадамоти матбуоти Парлумони мамлакат Муҳаммадато Султонов аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Декабрь 12, 2016 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд