Суғд: Ярмарка-фурӯш бо пешниҳоди 268 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

Декабрь 29, 2016 15:42

ДУШАНБЕ, 29.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба соли нави мелодӣ дар бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣдоир шуд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд, дар ярмарка корхонаҳо ва кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Истаравшан, Мастчоҳ, Шаҳристон, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Гулистон маҳсулоти гуногун, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, гӯшт, гӯшти парранда, тухм, биринҷ, равған, меваҷот, полезиҳо, маҳсулоти шириву қаннодиро бо нархи нисбат ба бозор 30-40 фоиз арзонтар пешниҳоди сокинон намуданд.
«Ба ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ 268 тонна маҳсулот, аз ҷумла, 125 тонна картошка, 50 тонна маҳсулоти шириву гӯштӣ ва нӯшокиҳо, 23 тонна пиёз, 11 тонна сабзӣ, 10 тонна равған, 9 тонна себ ва дигар маҳсулот бароварда шуданд»,- хабар дод манбаъ.

Декабрь 29, 2016 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст