«Танҳо дар якҷоягӣ мо ба ВИЧ — СПИД пирўз мешавем»- семинари илмӣ дар шаҳри Ваҳдат
ДУШАНБЕ, 15.12.2015. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шахри Ваҳдат дар мавзӯи «Танҳо дар якҷоягӣ мо ба ВИЧ — СПИД пирӯз мешавем» семинари илмӣ амалӣ доир гардид. Дар семинар донишҷӯён оид ба бемории мазкур маълумот доданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъулини коллеҷи тиббии шаҳр иттилоъ доданд.
«Саломатӣ манбаи асосӣ ва қисми ҷудонопазири мавҷудияти инсон мебошад. Саломатӣ барои ҳар инсон сарвати бебахо ба ҳисоб рафта, ояндаи ҷомеа ба шахсияти солим вобаста аст. Бемории ВИЧ СПИД бемории сироятӣ буда, оқибатҳои нохуш дорад. Бинобар ин пеш аз оила барпо намудан ҳатман аз муоинаи тиббӣ бояд гузашт»,- таъкид гардид дар семинар.