Вазорати маориф ва илм: Таътили хонандагон аз 1 то 31 январ сурат мегирад

Декабрь 29, 2016 18:57

ДУШАНБЕ, 29.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тавре аз  маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи Низомномаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили хонандагон аз 1 то 31 январ сурат мегирад.

«Дар давраи таътил ба муассисаҳои таълимӣ тавсия дода мешавад, ки хонандагонро ба олимпиадаҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ омода намоянд. Омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос ва дигар курсҳои омӯзишӣ ҷалб карда шаванд. Хонандагон бояд бештар ба хондани китобҳои бадеӣ машғул шаванд»,- иттилоъ дод манбаъ.

Декабрь 29, 2016 18:57

Хабарҳои дигари ин бахш