Абдулмаҷид Муминзод: «Воридоти сармояи мустақими хориҷӣ ба соҳаҳои саноати коркард ва истихроҷи маъдан бештар аст»
ДУШАНБЕ, 31.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Воридоти сармояи мустақими хориҷӣ ба соҳаҳои саноати коркард, истихроҷи маъдан, фаъолияти молиявӣ ва ҳар гуна хизматҳои тиҷоратӣ, нақлиёт ва алоқа, кишоварзӣ, маориф, гузаронидани кофтуковиҳои геологӣ ва ғайраҳо равона карда шудааст. Дар ин бора Абдулмаҷид Муминзод, муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки чунин намуди самоягузорӣ дар 9 моҳи соли 2016 асосан аз Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Франсия ва Швейтсария ворид гаштааст.
Абдулмаҷид Муминзод оид баробарҳуқуқии сармоягузорон дар Тоҷикистон гуфт: «Имрӯз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорӣ шароити мусоид фароҳам овардааст ва тибқи қонунгузории мо имрӯз чӣ сармоягузори хориҷӣ ва чӣ ватанӣ, ҳамзамон соҳибкорони ватанию хориҷӣ- ҳамаашон дар назди қонун баробарҳуқуқ мебошанд».








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






