Абдумуъмин Қутбиддинов, номзади илмҳои филологӣ: «70-80 фоизи рӯи заминро об пӯшонида бошад ҳам, танҳо 1 фоизи он барои ошомидан ҷоиз мебошад»
ДУШАНБЕ, 10.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ибтикороти навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон марбут ба об» ҳамоиши илмӣ- амалӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шариф Комилзода баён дошт, ки боиси ифтихор аст, ки бештари чорабиниҳои минтақавию ҷаҳонӣ вобаста ба масъалаи об аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудаву СММ онҳоро қабул кардааст.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон бо захираҳои бузурги обӣ ва гидроэнергетикии худ дар миқёси ҷаҳон ҷойгоҳи махсусро ишғол мекунад»,- гуфт директори ПИТФИ.
«Яке аз ҳадафҳои асосӣ дар Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор»- ин таъмини амнияти экологии сайёра мебошад. Дар шаҳри Душанбе бо мусоидати СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар давоми 15 соли охир 7 маротиба конфронсу симпозиумҳои сатҳи баланди байналмилалӣ марбут ба об гузаронида шуданд»,- изҳор кард номзади илмҳои филологӣ Абдумуъмин Қутбиддинов.
Ба андешаи Абдумуъмин Қутбиддинов, ҳадафи дигари қабул ва эълон доштани Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» марбут ба омилҳои иқтисодӣ буда, обро ба манбаи истеҳсоли энергияи арзону безарар табдил додан аст.
Ба иттилои номбурда, имрӯз 70-80 фоизи рӯи заминро об пӯшонида бошад ҳам, танҳо 1 фоизи он барои ошомидан ҷоиз мебошад.








БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






