Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Хатлон
Қӯрғонтеппа, 11.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2016 дар вилояти Хатлон ба 11 миллиарду 729 миллион сомонӣ расид. Ин нисбат ба соли 2015-ум 536 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиш 4,8 фоизро ташкил медиҳад.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар соли 2016 дар ҳамаи бахшҳо 870,3 ҳазор тонна ғалладонагиҳо, 193,1 ҳазор тонна пахта, 245,4 ҳазор тонна картошка, 957,4 ҳазор тонна сабзавот, 463,2 ҳазор тонна полезї, 158,9 ҳазор тонна меваҷот, 100 ҳазор тонна ангур, 125,7 ҳазор тонна гӯшт, 447,1 ҳазор тонна шир, 69,2 миллион дона тухм, 4,9 ҳазор тонна пашм, 381,4 тонна пилла, 1527 тонна моҳӣ ва 960,4 тонна асал истеҳсол карда шуда, нисбат ба соли 2015 афзоиш мутаносибан аз 2 то 8 фоизро ташкил медиҳад.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






