Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тасарруфи маблағҳои буҷетиро аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ошкор кард
ДУШАНБЕ, 27.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми соли 2016 тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятии дорои аҳамияти ҷамъиятӣ нисбат ба собиқ раисони судҳои ноҳиявӣ, ки ҷиноятҳои вазнини коррупсионӣ содир кардаанд, ба анҷом расида, бо фикри айбдоркунӣ ба додгоҳҳо фиристонида шуданд. Вобаста ба ин, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода имрӯз дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО чунин изҳор кард: «Соли 2016 муфаттишони Агентӣ парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба раиси Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Х. Сангинзода оид ба гирифтани пора ба маблағи 2 ҳазор доллари ИМА ва додани пора дар ҳаҷми 50 ҳазор доллари ИМА, нисбат ба судяи Суди ноҳияи Рӯдакӣ И. Саидзода ҷиҳати бо роҳи тамаъҷӯйӣ дар якчанд маврид талаб намудан ва гирифтани пора ба маблағи зиёда аз 100 ҳазор доллари ИМА, нисбат ба судяи шаҳри Душанбе Х. Холиқзодаро оид ба гирифтани пора ба маблағи 2 ҳазор доллари ИМА ба итмом расониданд».
Сулаймон Султонзода зикр кард, ки соли гузашта муфаттишони Агентӣ нисбат ба кормандони ВКД М.Қосимов ва С. Хоҷаев оид ба даст задани онҳо ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ба миқдори махсусан калон (зиёда аз 18 кг) парвандаи ҷиноятӣ боз карда, тафтишот бурданд.
Ғайр аз ин, кормандони Агентии мазкур аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ тасарруф шудани маблағҳои буҷетиро ошкор карданд. «Нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Чин Чи Бин оид ба тасарруфи маблағҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 15,6 миллион сомонӣ ва Ин Суандэ оид ба тасарруфи маблағҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 14,2 миллион сомонӣ тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ пурра ба охир расонида шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба судҳо ирсол шудаанд», — гуфт С.Султонзода.








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






