Агентии обуҳавошиносӣ: Имрӯз ҳавои ҷумҳурӣ бебориш мешавад
ДУШАНБЕ, 11.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 январ дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 4 то 6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 10 то 12 дараҷа гарм мешавад.
Тибқи иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 14 то 19 дараҷа ва рӯзона аз 4 то 9 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 32-37 ва рӯзона аз 14 то 19 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешбинӣ шудааст. Дар баъзе минтақаҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 4 то 9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда бебориш мешавад. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона то 5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 13 то 18 дараҷа ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шудааст. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 то 7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 9 то 14 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 7 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






