«Корвони саломатӣ» ба сокинони ноҳияи Б.Ғафуров хизмати тиббии ройгон мерасонад
ДУШАНБЕ, 28.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба минтақаи Сирдарёи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров «Корвони саломатӣ» омад: 400 нафар сокинон аз хизматрасонии тиббии ройгон бархурдор гардиданд.
Ба иттилои масъулини Муассисаи давлатии кӯмаки аввалияи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мутахассисони асабшинос, дилшиносу осебшинос, духтури саратоншинос ва дандонпизишк, инчунин дигар мутахассисони соҳа ба муроҷиаткунандагон хизмати тиббӣ расонидаанд. Дар доираи «Корвони саломатӣ» ҳудуди 100 нафар ба табобати амбулаторӣ ва 10 нафар ба беморхонаҳо роҳхат гирифтанд.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, «Корвони саломатӣ» ба ҳамаи ҷамоату деҳоти ноҳия моҳе як маротиба ворид мешавад.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






