Ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия салоҳияти мустақилона гузаронидани санҷиш дар баъзе соҳаҳо дода мешавад

Январь 27, 2017 15:32

Матбуоткоррупция (3)ДУШАНБЕ, 27.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мавҷуд будани ҷиноятҳои зиёди коррупсионӣ дар масъалаҳои вобаста ба андоз, фаъолияти бонкҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзӣ боиси чунин тасмим гирифтани мақомоти давлатии мамлакат шудааст.
Ба иттилои директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода, «маҳдудият дар тафтиши фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва андозсупорандагон боиси дур мондани ин субъектҳо аз назорат ва содир шудани ҷинояти пинҳонкунии андоз шудааст. Чунончӣ, дар давраи солҳои 2011-2015 ва 11 моҳи соли 2016 ба маблағи 1 млрд. 112 миллион сомонӣ пинҳонкунии андоз ба қайд гирифта шудааст. Танҳо дар 11 моҳи соли гузашта ба маблағи 427 миллион сомонӣ пинҳонкунии андоз ошкор шудааст».
Мавриди зикр аст, ки Президенти мамлакат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ бо назардошти мавҷуд будани омилҳои зиёди коррупсионӣ дар масъалаҳои вобаста ба андоз ва фаъолияти бонкҳои давлатӣ, дигар ташкилотҳои қарзӣ дар бахши хизматрасонии маблағҳои буҷетӣ, фондҳо ва қарзҳои давлатӣ ба Вазорати адлия ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия супориш дода буданд, ки дар қонунгузорӣ ба Агентӣ салоҳияти мустақилона гузаронидани санҷиши соҳаҳои мазкур пешбинӣ гардида, лоиҳаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таҳия ва ба Ҳукумат пешниҳод карда шаванд.
С. Султонзода дар ҷараёни нишасти матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба намояндагони ВАО иттилоъ дод, ки бо мақсади иҷрои супориши Сарвари давлат лоиҳаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таҳия шуда, дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки аз бемасъулиятии мутасаддиёни 20 марказ ва гурӯҳҳои лоиҳаҳои инвеститсионии аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ва буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда, ба Тоҷикистон зиёда аз 38,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ расонида шудааст, ки 37 миллион сомонии ин зарари молиявиро изофанависии корҳои сохтмонӣ ташкил додааст».
Давоми нимсолаи дуюми соли гузашта дар 24 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тафтиши маҷмӯии ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ анҷом дода шуда, дар натиҷаи санҷишу тафтишҳо зарари молиявӣ ба маблағи умумии 93 миллион сомонӣ ошкор гардид.
Директори Агентӣ иттилоъ дод, ки 17 ширкати молтаъминкунанда муқаррароти Комиссияи доимоамалкунандаро оид ба тақвияти истеҳсолоти воридивазкунанда риоя накарда, ба маблағи 22, 8 миллион сомонӣ молу ашё ворид кардаанд, ки истеҳсоли онҳо дар дохили кишвар ба роҳ монда шудааст, яъне номгӯи молҳои дар дохили кишвар истеҳсолшаванда бо нархҳои гарон аз хориҷи мамлакат ба Тоҷикистон ворид карда шудаанд.

Январь 27, 2017 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст