Ба Деҳисор хати оби нӯшокӣ кашида мешавад

Январь 26, 2017 10:29

ДУШАНБЕ, 26.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тасмим гирифтааст аҳолии деҳаи Деҳисори ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияро бо оби нӯшокӣ таъмин намояд. Деҳаи Деҳисор аз маркази ноҳия дар масофаи 120 км дуртар ҷойгир буда, дар он ҷо 800 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Сокинон солҳо боз аз сабаби ба талабот ҷавобгӯ набудани оби чоҳҳои амудии мавҷуда аз оби нӯшокӣ танқисӣ доранд.
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ ва роҳбарони сохторҳои дахлдори ноҳия бо вазъи зиндагии аҳолӣ аз наздик шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки барои кашидани хати оби нӯшокӣ аз чашмаҳои кӯҳӣ ба ин деҳа аз ҷониби МИҲД-и ноҳия барои харидории қубурҳои обгузар дар масофаи 14 км 300 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуда, лоиҳаи он низ омода аст. Рӯзҳои наздик бо мусоид шудани вазъи иқлим корҳои кашидани хати оби нӯшокӣ тариқи ҳашар бо ҷалби сокинони деҳа оғоз меёбад.
Ҳамчунин Зариф Назирӣ бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 бо ҷавонони деҳаи Деҳисор мулоқот намуда, онҳоро ҷиҳати саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ даъват намуд.

Январь 26, 2017 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад