Баррасии ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар самти мубодилаи таҷриба дар низоми бонкӣ
ДУШАНБЕ, 25.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. 24 январ дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти дуҷониба бо Намояндагии Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи матбуоти бонки мазкур хабар доданд.
Машварати кориро аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муовини якуми Раис Ҷамолиддин Нуралиев ва аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Питер Буриан роҳбаладӣ намуданд.
Зимни машварати корӣ тарафҳо вазъи феълии низоми бонкии кишварро баррасӣ намуда, аз ҷараёни гуфтушунидҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ибрози назар карданд.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ. Нуралиев изҳор дошт, ки дар низоми бонкӣ ислоҳоти куллӣ амалӣ мегардад ва ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои соҳа тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Мавсуф иштирокчиёнро бо вазъи феълии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва молиявии ҷумҳурӣ, бахусус фаъолияти низоми бонкӣ ошно намуд. Зикр гардид, ки барои боз ҳам таҳким бахшидани раванди ислоҳот дар низом Бонки миллии Тоҷикистон барои кумаки техникии шарикони ҳамкор, ба монанди такмили донишу малакаи касбӣ, андӯхтани таҷриба, доир намудани машғулиятҳои омӯзишӣ ва пешниҳоди мушовирон ниёз дорад. Инчунин афзоиши захираҳои байналмилалӣ, муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ, новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ махсусан қайд карда шуд.
Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо Питер Буриан изҳор дошт, ки Иттиҳоди Аврупо асосан дар самти дастгирии бахши энергетикӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна барномаҳои худро амалӣ менамояд. Бо вуҷуди ин, он имкони ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар самти мубодилаи таҷриба дар низоми бонкӣ, аз ҷумла дар самти кортҳои электрониро баррасӣ намуд.
Ҷамолиддин Нуралиев аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо барои тавсеаи ҳамкории судманд, дастгирӣ ва пешниҳоди кумакҳои техникӣ ҷиҳати пешбурди ислоҳоти низоми бонкии кишвар даъват ба амал овард.








Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд






