ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ТАШАББУСИ БУЗУРГИ ТОҶИКИСТОН

Январь 18, 2017 17:22

Вода для ус.-0(ҲАДАФҲОИ АСОСИИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР»)

Тоҷикистон ва мушаххасоти экологии об

ДУШАНБЕ, 18.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Қабули пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали  Муттаҳид дар бобати эълон намудани Даҳсолаи   байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 барои Тоҷикистон мояи ифтихори бузург аст. Ин пешниҳод идомаи пешниҳодҳои қаблии Тоҷикистон марбут ба об мебошад. Яъне, яке аз ҳадафҳои асосии ин пешниҳод аз нав ба роҳ мондани ҳалли масъалаи муҳими ҷаҳонии мазкур дар роҳи рушди ояндаи  ҷомеаи башарист. Эълони даҳсолаи нав даҳҳо ҳадафҳоро пайгирӣ менамояд, ки имрўзу оянда ҷомеаи инсонӣ ба он ниёзманд мебошад. Яке аз ҳадафҳои меҳварӣ он аст, ки Даҳсолаи байналмилалии «Об барои  рушди устувор» барои таъмини амнияти экологии сайёра нақши амиқ дорад. Маълум аст, ки дар ибтидои соли 2016 аз ҷониби СММ барои 15 соли оянда 17 ҳадафи асосӣ муайян гардид, ки чанде аз ин ҳадафҳо ба масоили экологӣ иртибот доранд. Ҳамзамон дар шаҳри Душанбе бо мусоидати СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар давоми 15 соли охир 7 маротиба конфронсу  симпозиумҳои  сатҳи баланди байналмилалӣ марбут  ба об гузаронида шуданд, ки ҳамаи онҳо фарогири масоили экологии вобаста ба об буданд. Тоҷикистон бо тасмимҳову мавқеи густаришёбандаи байналхалқии худ дар асоси арзёбии созмонҳои  байналмилалӣ аз рўи 98 фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза, ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардидааст.

Тоҷикистон аз ҷумлаи он кишварҳоест, ки бинобар ифлосшавии атмосфера ва дигаргун гаштани иқлим аз солҳои шастуми асри гузашта ба суръати баланди обшавии пиряхҳо дар ҳудуди худ мувоҷеҳ аст. Албатта ин маънои онро надорад, ки обшавии пиряхҳо танҳо манфиат ё зарари Тоҷикистон аст. Имрўз дар ҷаҳон ин раванд суръати бесобиқа дорад ва бетафовутӣ нисбат ба он барои оянда даҳшатбор хоҳад буд. Аз рўи ҳисоби мутахассисон агар тамоми пиряхҳои ҷаҳон об шаванд, сатҳи об дар рўи замин 64 метр баланд мешавад, ки ин фано гаштани ҳаёт дар як қисмати бузурги сайёраи мост.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои қаблии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла оид ба эълон доштани Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» (2005-2015) ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013)  дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун ташаббускор эътироф шудааст. Ҳадафҳои асосӣ дар ин ҳама пешниҳодот ҳушдор додани ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хавфи бузурге мебошад, ки дар сурати муносибати нодуруст ин ҷомеа дар наздиктарин фурсатҳо мувоҷеҳ ба он мешавад. Дар робита ба ин даҳсолаи нав дар самти расидан ба ҳадафҳои муҳити зисту беҳдошт,  бахусус дар таъмини устувории муҳити зист хеле созгор буда метавонад.

Ҳадафҳои иқтисодӣ аз об

Ҳадафи дигари қабул ва эълон гардидани ин даҳсола марбут ба омилҳои иқтисодӣ мебошад. Яъне, обро ба манбаи истеҳсоли энергияи арзону безарар табдил додан аст, ки моҳияти аслии инро воқеоти неругоҳи Фукусимои Япония барои тамоми ҷаҳон собит намуд. Дар Тоҷикистон захираҳои об асоси захираҳои энергетикии кишвар ба ҳисоб мераванд, ки инро маротибаи чандум натиҷагириҳову хулосаҳои комиссияҳои махсуси баландпояи байналхалқӣ собит намудаанд. Мавриди зикр аст, ки аз иқтидори  гидроэнергетикии кишвар, ки дар ҳаҷми 527 млрд. кВт.соат баҳогузорӣ карда шудааст, имрўз ҳамагӣ 3-4 фисади он истифода карда мешавад. Яъне захираҳо барои аз худ кардани ин сарчашмаи неруи аз лиҳози экологӣ тоза ва аз лиҳози иқтисодӣ нисбатан арзон кифояанд ва феълан зиёда аз 98 фисади неруи барқи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ба ин бахш марбут аст.

Муносибати оқилона ва баҳси об

Вода для ус.-3Ҳадафи дигари эълон ва қабули даҳсолаи нави «Об барои рушди устувор» истифодаи оқилона ва боинсофонаи обҳои минтақавӣ мебошад. Ин масъала чандин даҳсола боз дар Осиёи Марказӣ хеле печида боқӣ мемонад.  Захираҳои оби минтақа асосан дар қаламрави ду кишвари болооб – Тоҷикистон (ҳудуди 60%) ва Қирғизистон (зиёда аз 25%) ташаккул ёфта, истифодаи онҳо (зиёда аз 80%) ба кишварҳои поёноб рост меояд. Яъне, кишварҳое ки дар саргаҳи об қарор доранд, аз ҳаққи соҳибияти хеле ками ин обҳо бархурдоранд. Аммо маълум аст, ки дар кишварҳои поёноб бо сохтани обанборҳои сунъӣ баҳри Аралро хушк намуданд. Заминҳои зиёд бо истифодаи ғайримақсадноки об ба шўразамин табдил ёфтанд. Саноати бесобиқа ва пур сохтани конҳои холишудаи газ бо об иқлими минтақаву сайёраро тағйир додааст. Об масъалаи ҷиддиву баҳсбарангез аст. Мувофиқи маълумот дар давоми 50 соли охир дар маҷмўъ 507 моҷаро ба масъалаи об марбут аст, ки 21-тои он ба амалиёти ҷангӣ табдил ёфтааст. Яке аз роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ чанд сол қабл ба таври ошкоро ба эҳтимолияти бархӯрдҳои низомии вобаста ба об ишора карда буд. Баҳсҳои зиёди обии Осиёи Марказӣ танҳо дар сурати мавҷуд будани ҳамгироиҳо ҳалшавандаанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ин гуна сиёсат аст. Маҳз  нарасидани об ва тақсими нодурусти он аст, ки дар кишварҳои алоҳидаи Африқову Амрикои Ҷанубӣ  мардумон  азият мебинанду ба бемориҳои марговар дучоранд. Кишварҳое дар Шарқи наздик ҳастанд, ки дар тақсими дарёҳо дар ҳоли бархўрдҳои низомӣ қарор гирифтаанд.

Аҳамияти об  ва сарфаи обҳои ширин

Маълум аст, ки ҳамасола дар ҷаҳон 22 март чун рӯзи захираҳои обӣ таҷлил мешавад. Ин таҷлилро СММ ба роҳ гузошт, то ин ки аҳли башар моҳияти масъаларо дарк намуда, аҳамияти онро дар ҳаёти табиати фарогир ва инкишофи ҷомеа пайхас намоянд. Аммо ҳанӯз ҷомеаи башарӣ ба дарки амиқи ин муаммо нарасидааст. Имрўз ногузир аст, ки ҷомеаи башарӣ дарк намояд, ки ҳарчанд 70-80 фоизи рўи заминро об пўшонида бошад ҳам, аммо танҳо як фоизи он барои ошомидан ҷоиз аст. Имрўз кишварҳои пешрафта имкони зиндагиву буду бошро дар дигар сайёраҳо ёфтан мехоҳанд. Дар навбати аввал дар ҷустуҷӯву таҳқиқи худ мавҷуд будан ё набудани обро дар он сайёраҳо  ба роҳ мемонанд. Яъне аҳамияти об бояд як масъалаи назарногиру ночиз набошад ва ҳар ҷо ки об ҳаст, он ҷо ҳаёт аст.

Оби ширину ошомиданӣ  чун як манбаи ҳаёт арзиши баланд дорад. Аз рўи маълумотҳ ЮНЕСКО оби тозатарин дар ҷаҳон дар Финляндия ба ҳисоб гирифта шудааст. 122 давлати ҷаҳон дорои чунин захираҳои обӣ мебошанд, ки Тоҷикистон аз рўи сифати ин гуна об дар қатори даҳгонаҳои аввал қарор гирифтааст. Бояд боиси нигаронии аҳли башар бошад, ки зиёда аз як миллиард сокини сайёра аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Аз рўи ҳисоби мутахассисон на ҳама захираҳои оби ошомиданӣ барои инсоният дастрасанд. Яъне нисфи он дар шакли ях ва ҷоришавии зеризаминӣ қарор дорад. Дар сурати масрафи беҳудуд инсон метавонад ба хавфи беобӣ дучор гардад. Имрўз аҳолии курраи Замин  ин хавфро камтар дучор гашта метавонад. Аммо бо чунин суръати афзоиши аҳолӣ ва саноати аждаҳорсифати тавонмандҳо шояд дар асрҳои оянда дар тамоми манотиқи ҷаҳон оби ошомиданӣ дар истифодаи умумӣ кифоят накунад.

Об ва ҳаёт

Вода для ус.Ба ҳама маълум аст, ки ҷисми инсон аз об таркиб ёфтааст. 86% бадани тифли навзод ва 70% бадани инсони калонсолро об ташкил медиҳад. Об асоси ҳаёти танҳо инсон нест. Инсон барои эҳтиёҷоти худ ногузир аз дигар неъматҳо истифода мебарад, ки барои фаровониву мавҷудияти онҳо низ нақши об аввалиндараҷа мебошад. Ҳайвоноту наботот аз об ҳастии худро таъмин кардаанд. Масалан ҳайвонот   75%, картошка  76%, себ 85%,  помидор 90%,  бодиринг 95%, тарбуз 96%  аз об иборат гаштаанд. Акнун аз ҳамин ҷо бояд қиёс кард, ки барои як кишвари аграрӣ об чӣ қимате дорад. Аз ҳамин ҷо бояд хулоса баровард, ки  барои зиндагӣ дар ин ҷаҳон чӣ қадар об лозим аст.

Ҳадафи дигар аз даҳсолаи нав ба роҳ мондани муносибати дурусту оқилона ба об аст. Инсон бояд дарк намояд, ки об худ шифо аст ва неъмати ивазнашаванда ба шумор меравад. Агар инсон 2 фоизи оби баданро аз даст диҳад, ташна мемонад, 10 фоизро аз даст диҳад бемор аст, 12 фоизро аз даст диҳад, бе табобати духтур ба по истода наметавонад, 15-20 фоизро аз даст диҳад, ба марг дучор мешавад. Аз нигоҳи тиб калориянокии ҷисмро маҳз об паст мегардонад. Нафаре ки обро бештар менўшад, ба сактаи қалб камтар дучор мешавад. Бе хӯрок инсон то чанд моҳ зинда монда метавонад. Аммо бе об аз се- ҳафт рўз зиёд зинда намемонад. Як инсон давоми умр танҳо барои эҳтиёҷоти  худ даҳҳо тонна обро истифода мебарад. Баъди оксиген дуввумин омили бақо барои инсон об аст. Инсоният бо пешрафти илму техника ба дараҷаи таҳаввулу ташаккули баланд расидааст. Даҳҳо мушкилоти худро осон гардонида, ҷои як чиз чизи дигарро кашф намудааст. Имрўз инсоният хӯроки худро иваз намуда, ҳатто дар бархе аз кишварҳо нонро бо дигар анвои хӯрокӣ иваз кардаанд. Аммо обу ҳаво он неъматҳое мебошанд, ки дар заминаи ҳама гуна илму таҳаввулот наметавон онҳоро иваз намуд.

Дар баробари ин бояд гуфт, ки об на танҳо ҳаёт мебахшад, балки ҳаётро аз мо  мегирад. 85 % бемориҳо бо ёрии об мегузаранд. Бо ин иллат ҳар сол 25 миллион нафар сокинони сайёра мефавтанд. Аз ифлосии дарёи Ганги муқаддас ҳар сол 3 миллион нафар одамон нобуд мешаванд. Мардумони поёноби дарёи Нил ифлостарин обро истифода мебаранд, ки сабаби эпидемияҳои давомдору марговари минтақаи Африка мебошад. Амазонкаи бузург ҳамасола садҳо ҳазор заминҳои кораму манзилҳоро хароб сохта, садҳо нафарро ба коми худ мекашад. Ҳамасола бо иллати тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ селобу жолаву боронҳои пуршиддат ҳазорҳо манзилро хароб ва садҳо нафар одамонро қурбон месозанд.

Об ва тиҷорат

Мавҷудияти ин ҳама омилҳо бо гузашти вақти муайян оби тозаи ошомиданиро чун мол ба бозор мебарорад. Коршиносону муҳаққиқон ба он назаранд, ки дар даҳсолаҳои наздиктарин оби ошомиданӣ чун нафти имрўза ба як тиҷорати бузург табдил меёбад. Инсоният қодир аст, ки нафтро иваз намуда, ба ҷои он манбаҳои нави энергияро барои худ пайдо созад. Аммо боз ҳам об чун ганҷи ивазнашаванда боқӣ хоҳад монд. Имрўз тиҷорати оби ошомиданӣ аллакай ба як раванди муқаррарӣ табдил ёфта истодааст. Намунаи ин тиҷорат аллакай маълум мебошад. Мавҷудияти беш аз 1300 навъи об дар ҷаҳон сифату арзиши онҳоро муайян карда истодааст. Масалан як навъи оби табиии қиматтарин дар Лос Анҷелеси ИМА мавҷуд аст, ки як литри он 90 доллар арзиш дорад. Қабилаҳои алоҳидаи африқоӣ бо кандани чоҳҳову ҷустуҷўи  об дар биёбонҳо онро аз тилло қимат медонанд ва ҳар касе соҳиби чоҳи об аст, сарватманди қабилаи худ дониста мешавад. Ин нуқтаҳоро бархе аз кишварҳо алакай дарк намудаанд. Ба таври мисол оби ширину тозаи кӯли Сарез дар Тоҷикистон барои харидориву коркард мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои алоҳидаи арабӣ қарор дорад.

Бо назардошти ин ҳама метавон гуфт, ки ҷомеаи ояндаи инсоният бештар ба проблемаҳои экологии вобаста ба об андармон мешавад. Печидагиҳо ва унсурҳои алоҳидаи онро дарк намуда, Тоҷикистон чун ташаббускори даҳсолаи нав  дар ҳамҷоягӣ дар ҳалли ин проблемаҳои ҷиддӣ мусоидат кардан мехоҳад. Бо ин ҳама тасмимот ҷомеаи ҷаҳониро барои қазовату масъулият даъват менамояд. Зеро тавозуни табиӣ ба куллӣ тағйир ёфтааст ва Тоҷикистон аз ҷумлаи он кишварҳои дорои захираҳои обист, ки дар навбати аввал аз тағйирёбии ин тавозун зарар дида истодааст.

Бахтиёри ҚУТБИДДИН,

мудири кафедраи журналистикаи

байналхалқии факултаи журналистикаи 

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Январь 18, 2017 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Рақамикунонии соҳаи андоз роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд
ТАВСИФИ ГИЁҲШИНОСИИ БАРГИ ЗУФ. Он хусусияти зиддиилтиҳобӣ ва таскинбахшӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд