Дар байни хонандагони мактабҳои шаҳри Хоруғ озмуни «Китобхони беҳтарин» оғоз шуд
ХОРУҒ, 10.01.2017. /АМИТ Ховар/. Шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ дар миёни хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ озмуни «Китобхони беҳтарин» эълон кард. Мудири маорифи шаҳр Абдулвоҳид Абдулҳофизов дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки «дар замони муосир бо назардошти рушди бесобиқаи технологияи муосир шавқи кӯдакону наврасон ба китобхонӣ коста гаштааст. Агар мо ин камбудиро дар зудтарин фурсат ислоҳ накунем, баъди чанд сол дер мешавад. Аз ин рӯ мо ҳамеша ба омӯзгорон таъкид мекунем, ки шогирдонашонро маҷбур созанд ҳарчи бештар китоб мутолиа кунанд, то савияи дониши хаттӣ ва шифоҳияшон боло равад. Аз он ки аксарияти хонандагон баъди дарс бештари вақти худро дар марказҳои интернетӣ сипарӣ мекунанд, ин тақозои замон аст, аммо дур мондани онҳо аз китоб ин гуноҳи омӯзгорону волидон аст».
«Кӯдакон аз хурдсолӣ шеърҳои зиёдро аз худ мекунанд, аммо на ҳамаи онҳо маъною мафҳуми ин шеърҳоро дарк мекунанд. Аз ин рӯ, яке аз шартҳои озмуни мазкур шарҳу тавзеҳи асарҳои насрию назмӣ аз сӯи хонандагон аст»,-иброз дошт Ашратшо Карамшоев, як нафар аз ҳакамони ин озмун.
Ғолиби озмуни «Китобхони беҳтарин» дар охири мавсими таътили зимистона муайян шуда, бо туҳфаҳои шуъбаи маориф сарфароз мегардад.








БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






