Дар Душанбе фаъолияти Ҷамъияти дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ натиҷагирӣ гардид
ДУШАНБЕ, 26.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Натиҷаи фаъолияти Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ /ҶДРФТ/ дар соли 2016 зимни ҷаласаи ҳисоботии ин ниҳод, ки дар Душанбе таҳти раёсати Сайдулло Хайруллоев, раиси ҶДРФТ доир гардид, баррасӣ шуд.
Дар ҷаласа сафирони кишварҳои хориҷӣ, раисони анҷуманҳои дӯстӣ, сарварони иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии ақаллиятҳои миллии кишвар иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки Раёсати ҶДРФТ бо кишварҳои хориҷӣ фаъолияти худро дар самти таҳкими ҳамкории фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда, дар самти тақвияти иртибот бо марказҳои миллию фарҳангии ақаллиятҳои миллии кишвар, густариши ҳамкорӣ бо сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ба роҳ монд. Дар ин давра сомонаи интернетии ҶДРФТ таҳти унвони www.friendship.tj фаъол гардида, дар самти тақвияти ҳамкории фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва анҷуманҳои дӯстӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Дар ду шумораи махсуси маҷаллаи «Дӯстӣ»-и ҶДРФТ мавод бахшида ба 25-солагии барқарории муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон ва муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин нашр шуд. Инчунин дар ин давра ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамоиши анҷуманҳои дӯстӣ бо ташаббуси ҶДРФТ бо кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе доир гардид.
Дар ҷаласа сафирони кишварҳои хориҷӣ, раисони анҷуманҳои дӯстӣ ва сарварони иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон доир ба тақвияти фаъолияти ЧДРФ Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ибрози назар намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа нақшаи фаъолияти ЧДРФТ бо кишварҳои хориҷӣ барои соли 2017 баррасӣ ва тасдиқ гардид.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






