Дар Ҳисор озмуни «Каломи ободкорӣ» идома дорад
ҲИСОР, 31.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар рӯзномаи «Ҳисори Шодмон» озмуни «Каломи ободкорӣ» идома дорад. Раис рӯзноманигоронро даъват кард, ки дар озмун иштирок кунанд.
«Ҳар як эҷодкор метавонад нигоштаҳои хешро дар ин рӯзнома интишор диҳад ва соҳиби ҷоиза гардад»,-гуфт Шарифҷон Ҷумъазода.
Алҳол бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҳудуди шаҳри Ҳисор 120 рӯзи корҳои ободонӣ идома дорад.