Дар маҳаллаи Бадахшон никоҳи барвақтӣ ва аз таҳсил дур мондани духтарон ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 30.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Таҳлилҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон доданд, ки амалҳои зӯроварӣ дар оила нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфта, никоҳи барвақтӣ, аз таҳсил дур мондани духтарон, рӯ овардани занону духтарон ба фарҳанги бегона ҳанӯз ҳам ҷой доранд. Ин ҳолатҳо махсусан дар маҳаллаи Бадахшони шаҳри Душанбе зиёд ба назар расиданд.
Тавре ки аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, кормандони кумита муддати 10 рӯз дар маҳаллаҳои Бадахшон, Дӯстии халқҳо, Чехови шаҳри Душанбе ҷиҳати таҳлил ва баррасии ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила, аз таҳсил дур мондани духтарон, никоҳи барвақтӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона тадқиқоти сотсиологӣ гузарониданд.
Дар тадқиқоти мазкур хонаводаҳо ба таври тасодуфӣ интихоб гардида, бо розигии аъзои хонавода коршиносон бо нафарони аз 18 то 49-сола мусоҳиба анҷом доданд.
Аҳолии маҳаллаҳои номбурда зимни суҳбат баён доштанд, ки барои танзими муносибатҳои оилавӣ, ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонон, махсусан духтарон, пешгирӣ намудани никоҳи барвақтӣ, никоҳи хешутаборӣ ва оқибатҳои он, роҳҳои ҳалли низоъҳои оилавӣ, пешгирии касалиҳои сироятӣ аз барномаҳои телевизионӣ, ҷамъомадҳои маҳаллӣ, суҳбату вохӯриҳо бо коршиносону равоншиносон маслиҳату тавсияҳои судманд мегиранд.
Тадқиқотчиён зимни гузаронидани пурсиш аҳолии ин маҳаллаҳоро барои пешгирии зӯроварӣ дар оилаҳо даъват карданд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






