Дар Москва зимни машваратҳои СҲШ қабули Ҳиндустон ва Покистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои Ҳамкории Шанхай (СҲШ) Маҳмадшариф Ҳақдод 20 январ дар машваратҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ, ки дар шаҳри Москва баргузор гардид, ширкат варзид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бинобар иттилои ВКХ Тоҷикистон, зимни машваратҳо доир ба ҳадафҳои авлавиятнок ва тадбирҳои амалӣ ҷиҳати рушди муносибатҳо дар чаҳорчӯби СҲШ дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ муҳокима сурат гирифт. Давлатҳои аъзо омодагии худро ҷиҳати афзун намудани кӯшишҳои муштарак баҳри таъмини сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва рушд дар минтақаи СҲШ тасдиқ намуданд.
Махсусан зикр гардид, ки идома додани раванди васеъшавии Созмон, пеш аз ҳама, қабули Ҳиндустон ва Покистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқ, барои афзун намудани иқтидори бисёрҷанбаи ҳамкорӣ ва баланд бардоштани нақш ва обрӯи байналмилалии СҲШ мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷаласа дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай ва Директори Кумитаи иҷроияи минтақавии зиддитеррористии СҲШ дар кори машваратҳои мазкур иштирок намуданд.
Пеш аз ҷаласа суҳбати Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров бо роҳбарони ҳайатҳо баргузор шуд.








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






