Дар ноҳияи Б.Ғафуров «120 рӯзи ободонӣ ва сабзазоркунӣ бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ» оғоз гардид

Январь 12, 2017 09:24

Б. ҒАФУРОВ, 12.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тахти унвони «120 рӯзи ободонӣ ва сабзазоркунӣ бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ» корҳои бунёдкорӣ доир мегарданд, ки ҳадаф аз он ободу зебо намудани маҳалли зист мебошад.
Дар доираи ин ташаббуси наҷиб дар ноҳия корҳои ободонию созандагӣ аз моҳи аввали сол оғоз гардиданд. Дар ҳашари ободонию сабзкорӣ, ки дар рӯзҳои таътили мактаббачагон сурат гирифт, бо кумаки хонандагон дар шоҳроҳҳои асосӣ ва мавзеъҳои алоҳида 2000 бех ниҳоли ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишии ба мавсим мутобиқ шинонида шуданд.
Тавре Мирзоғанӣ Эргашев, сардори Сарраёсати ободонӣ, сабзазоркунӣ ва хоҷагии манзилию комуналии ноҳия иттилоъ дод, дар ҳашар танҳо кормандони ин муассиса дар шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров 200 бех нихоли ороишии хамешасабз ва ҳамин миқдор гулҳои ба мавсим мутобиқ, чун буттагул ва ёси ҳиндӣ шинониданд.
Дар ҷамоати деҳоти Исфисор дар баробари тозаву обод намудани кӯчаву хиёбон ва ҷӯйборҳо зиёда аз 500 бех ниҳоли ороишӣ, дар ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов 20 бех, аз тарафи сокинони ҳамаи ҷамоатҳо дар маҷмӯъ 2000 бех нихоли ҳамешасабз шинонида шуданд.
Иқдоми ободонӣ дар доираи «120 рӯзи ободонӣ ва сабзазоркунӣ бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров минбаъд низ идома меёбад.

Январь 12, 2017 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад