Дар шаҳри Бӯстон ҷинояткории ноболиғону ҷавононро маҳкум карданд

Январь 10, 2017 17:19

БӮСТОН, 10.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Тарғибу ташвиқи Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии кишвар ва ҳамчунин вазъи ҷинояткорӣ дар соли 2016 дар миқёси шаҳр, пешгирӣ ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҳама гуна ҷинояткорӣ, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон- чунин буданд масъалаҳои асосии мулоқоти раиси шаҳр Рухсора Давлатзода ва сардори шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Бӯстон бо сокинон, ки дар толори Театри драма ва мазҳакаи русии ба номи А. Пушкини шаҳри Бӯстон доир гардид.
Аз маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот сардори шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Бӯстон Ҳотам Дадобойзода оид ба таъмини боэътимоди волоияти қонун, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ҷинояткории ноболиғону ҷавонон ва пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ ибрози назар намуд.
Раиси шаҳри Бӯстон Рухсора Давлатзода перомуни Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, оид ба қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ҳамчунин ҷиҳати пешгирии ҳама гуна ҷинояткорӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, таваҷҷуҳ ба масоили ҷавонон дар Соли ҷавонон, омодагиҳо ба истиқболи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнвораҳои бузурги миллӣ ибрози назар намуд.

Январь 10, 2017 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст