Дар шаҳри Истиқлол шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва бемориҳои узвҳои дарунии беморхонаи шаҳрӣ таъмир гардиданд
ИСТИҚЛОЛ, 20.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2016 дар шаҳри Истиқлол дар доираи татбиқи барномаи вилоятии «Соли фарди солим» шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва касалиҳои дарунии беморхонаи шаҳрӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, ҳамчунин барои маркази саломатии шаҳрӣ таҷҳизоти муосири ташхисӣ харидорӣ карда шуд.
Дар ин бора Раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО иттилоъ дод.
Ҳамчунин тибқи маълумоти шаҳрдори Истиқлол, дар давоми соли 2016 дар шаҳр аз рӯи барномаи Бонки рушди Аврупо дар марҳалаи якум сохтмони ҳавзи оби ғунҷоишаш 1000 метри мукааб ба анҷом расонида шуда, дар самти бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон дар давоми сол 212 нафар корҷӯй бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.