ДАР ТОҶИКИСТОН НИЗОМИ ЭЛЕКТРОНИИ ТАРТИБИ БАРАСМИЯТДАРОРӢ ВА ДОДАНИ РАВОДИД ҶОРӢ КАРДА ШУД

Январь 26, 2017 12:50

????????????????????????????????????

ДУШАНБЕ, 26.01.2017. /АМИТ «ХОВАР»/. 24 январи соли 2017 дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор «Дар бораи қоидаҳои тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводид / раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ» тасдиқ шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре чанде пеш АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, шурӯъ аз 1 январи соли 2017 дар намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат ва дар Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми нави тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ҷорӣ карда шуд. Низоми нав бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил намудани Шабакаи иттилоотии электронӣ барои барои гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷорӣ намудани раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ таҳти №405 аз 13 июни соли 2015 ва мукаммал намудани низоми барасмиятдарорӣ ва додани раводид/раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ роҳандозӣ карда шудааст. Низоми мазкур боз як иқдоми муҳим ҷиҳати ба роҳ андохтани хизматрасониҳои давлатии электронӣ мебошад.

Қоидаҳои аз ҷониби Ҳукумат тасдиқшуда ба васеъ намудани доира ва низоми электроникунонии хизматрасониҳои давлатӣ, рушди идоракунии электронии раводид ва рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар тамоми ҳудуди кишвар равона шудаанд.

Виза Тадж-2Виза Тадж

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 22 декабри соли 2016 таъкид намуданд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир менамояд ва барои рушди минбаъдаи он шароити зарурӣ фароҳам меорад. Дар доираи барномаҳои давлатии қабулгардида рушди ин соҳа, аз ҷумла ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ таъмин карда мешавад. Сарвари давлат зикр намуданд, ки алҳол дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони беш аз 80 давлат низоми соддаи додани раводид ҷорӣ шудааст. Ин маънои онро дорад, ки шаҳрвандони ин давлатҳо метавонанд аз хона набаромада, тавассути шабакаи интернет бо пешниҳод намудани маълумоти дахлдор ва пардохти маблағ раводиди худро тариқи почтаи электронӣ дастрас намоянд.

Виза Тадж-4Раводиди электронӣ — ин як намуди раводиде мебошад, ки тариқи электронӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дода мешавад. Барои додани раводиди электронӣ барнома ва сомонаи махсус ташкил карда шудааст. Дар баробари ворид намудани низоми мазкур тамоми муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД бо таҷҳизот ва барномаҳои махсус барои назорати вуруд/хуруҷ ва иқомати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ таҷҳизонида шудаанд.

Илова бар ин, дар натиҷаи ҷорӣ намудани низоми мазкур тамоми нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо якдигар пайваст шуда, низоми ягонаи идоракуниро ташкил медиҳанд. Ин низом ба ҳифзи амнияти миллӣ, пешгирии таҳдидҳо, мубориза бо терроризм ва экстремизм ва инчунин пурзӯр намудани назорати муҳоҷирати шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.

Мавриди зикр аст, ки сатҳи хизматрасонии шабакаи иттилоотии электронӣ ба низоми додани раводиди шенгенӣ баробар мебошад.

Виза Тадж.3Дар қоидаҳои нав ҳамчунин як зумра дигаргуниҳо ворид карда шудаанд, ки ба содда намудани раванди гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, инчунин ҷалби сармоягузорон ва сайёҳони хориҷӣ равона гардидаанд. Аз ҷумла, дастрасӣ ба раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои собиқ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои оила ва хешовандони наздики шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташрифи муваққатӣ содда карда шудааст. Илова бар ин, ҳайати сарнишинони ҳавоӣ, ки ба хазматрасонии ҳавопаймоҳо машғул мебошанд, метавонанд бидуни раводид дар асоси Эъломияи умумӣ мутобиқи талаботи ИКАО ворид ва хориҷ шаванд. Ҳамчунин ҳуҷҷатҳо барои гирифтани раводиди «сармоягузорӣ» соддатар ва фасеҳ шудаанд.

 

P.S. Барои маълумоти бештар оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани раводид дар намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва тамдиди раводид дар Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи интернетии www.visa.gov.tj муроҷиат намоед. Барои гирифтани раводиди электронӣ “Е-Visa” https://www.evisa.tj.

 

Январь 26, 2017 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея дар вохӯрии 7-уми дӯстони Бунёди рушди сабз иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Намояндаи Тоҷикистон нахустин бор ба мақоми Президенти Шурои иҷроияи ЮНИСЕФ барои соли 2025 интихоб гардид
Дар Душанбе рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Дар Москва иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT» баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири омӯзиш ва парвариши Эрон мулоқот намуд
Тамошои дастҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳрҳои Русия