ДТТ барои ҷалби ҷавонон ба ихтироъкорӣ дар як сол ду маротиба озмуни «Ихтироъкор ва инноватори ҷавон» мегузаронад
ДУШАНБЕ, 14.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) Илҳом Амонзода, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон зикр кард, ки дар соли 2016 ҳайати омӯзгорон соҳиби 5 патент оид ба ихтирооти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федреатсияи Россия гардиданд. Инчунин натиҷаи корҳои илмию тадқиқотии 3 омӯзгори донишгоҳ дар истеҳсолот ва муассисаи таълимӣ татбиқи худро ёфтаанд.
Ба иттилои Илҳом Амонзода, Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои ҷалб намудани диққати ҷавонон ба ихтироот ва зиёд намудани ихтироъкорони ҷавон тадбирҳои зарурӣ андешида, аз ҷумла дар як сол ду маротиба озмуни «Ихтироъкор ва инноватори ҷавон»-ро баргузор намуда, ғолибонро қадрдонӣ менамояд.
«Дар соли 2016 аз ҷониби ҳайати омӯзгорони донишгоҳ зиёда аз 300 мақолаи илмӣ нашр шуда, аз ин миқдор 173 -тоаш дар маҷаллаҳои иқтибосии Комиссияи Олии Аттестатсионии Федератсияи Россия ба нашр расиданд»,-иброз дошт ректори донишгоҳ.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






