ДТТ намунаи миниэкскаватор сохтааст, ки баъди аз озмоиш гузаштан пурра истеҳсол мешавад

Январь 11, 2017 11:03

ДУШАНБЕ, 11.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДТТ) ба номи академик М. Осимӣ ҳамчун муассисаи инноватсионӣ дар миёни паркҳои технологии кишвар пешсаф буда, дар айни замон дар он намунаи таҷрибавии воситаи техникаи хурди сохтмонию роҳсозӣ — миниэкскаватор сохта шудааст, ки баъди пурра аз озмоиш гузаштан истеҳсоли оммавиаш дар назар аст. Дар ин бора муовини ректор оид ба таълими ДДТ Сафаралӣ Гадоев имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Сафаралӣ Гадоев яке аз дастовардҳои беназири донишгоҳ дар самти фаъолияти байналмилалӣ дар солҳои охир фаъолияти самараноку умедбахши факултети муштараки муҳандисию техникии Тоҷикистон-Беларусро номид, ки дар айни замон дар он 354 нафар донишҷӯён таҳсил доранд. Дар соли 2016 фаъолияти факултети мазкур фарох гардонида шуда, дар баробари ихтисоси «Дастгоҳҳо ва системаҳои биотехникӣ ва тиббӣ» қабули довталабон ба ихтисосҳои «Нақлиёт ва роҳ» ва «Энергетика» оғоз гардид.
Ба имзо расонидани созишномаи ҳамкории байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо зиёдтар аз 14 донишгоҳи дунё низ яке аз нишондиҳандаҳои назаррас дар давраи ҳисоботӣ мебошад.
Ба маълумоти роҳбарият, дар айни замон аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар аспирантураи муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар 41 нафар таҳсил менамоянд.

Январь 11, 2017 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад