Хатлон: Озмуни «Бону-2017» ҷавондухтаронро даъват менамояд

Январь 28, 2017 12:42

ДУШАНБЕ, 28.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон ба муносибати Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 озмуни телевизионии вилоятии «Бону-2017» баргузор мегардад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, озмуни мазкур аз тарафи раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати ҷавондухтарон, такмили маҳорат, дарёфти истеъдодҳои нав, инкишофи малакаи суханварӣ, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, санҷиши зеҳнӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо ташкил шудааст.
Дар озмун ҷавондухтарон аз муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ, ташкилоту идораҳои вилоят метавонанд иштирок карда, маҳорати худро нишон диҳанд.
Озмун охири соли равон ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян ва қадрдонӣ карда мешаванд.

Январь 28, 2017 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»