Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои абрноку бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 13.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок ва бебориш дар назар дошта шудааст. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 то 3 дараҷа хунук ва рӯзона аз 7 то 9 дараҷа гарм мешавад. Дар ин бора аз Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар вилояти Бадахшон ҳаво абрнок ва бебориш мешавад. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 12 то 17 дараҷа, дар баъзе ҷойҳо то 20-25 ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 30-35, дар баъзе ҷойҳо то 40 дараҷа ва рӯзона аз 18 то 23 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар минтақаи Булункул аз 49 то 51 дараҷа сардӣ пешгӯйӣ мешавад.
Дар вилояти Xатлон ҳавои абрнок ва бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок ва бебориш, дар баъзе ҳолатҳо фаромадани туман пешгӯйӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 то 9 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона аз 11 то 16, дар баъзе ҷойҳо то 24 дараҷа ва рӯзона аз 4 то 9 дараҷа хунук хоҳад шуд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






