КҲФ: Тармафароӣ боз 3-4 рўзи дигар идома хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 30.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Эҳтимолияти фаромадани тарма дар навоҳии ВМКБ, қаторкӯҳҳои Ҳисор, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим то имрӯз боқӣ монда, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар қатъиян хоҳиш мекунад, ки аз сафар намудан ба ин мавзеъҳо муваққатан худдорӣ намоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд, ҳолати тармафароӣ боз 3-4 рўзи дигар идома хоҳад ёфт.
Дар айни ҳол дар натиҷаи фаромадани 40 тарма ва бориши барфи пуршиддат шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд маҳкам аст, бештар аз 200 мошин дар муҳосираи тармаву ғарами барф мондаанд. Барои ташкили кор ҷиҳати интиқоли одамон ва овардани онҳо то макони бехатар гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода созмон дода шуд. Дар натиҷаи роҳандозии корҳои наҷотдиҳӣ аз 28 то 29 январ наздик ба 800 нафар одамон ва 50 мошини боркашу 150 мошини сабукрав ба макони амн интиқол дода шуданд. То бегоҳии 29 январ наҷотдиҳандагони Кумита аз ҷарии 150 метр 4 ҷасад ва аз мошин 1 ҷасадро ёфтанд.
Барои тоза кардани роҳи мошингард ва бартарафсозии оқибатҳои офат хадамоти роҳи ширкати «Innovative Road Solutions» (IRS) 6 адад техникаро аз ду тараф сафарбар намуд. Дар ҷойи тарма барои таъмини бехатарии одамон постгоҳҳои иловагӣ аз ҳисоби кормандони БДА ва хадамоти роҳи ширкати IRS гузошта шуданд.
Ҳолати вазнин ҳамоно дар роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-Мурғоб ҳукмфармост. Бар асари резиши барф ва лағзиши тарма дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон ва Шуғнони ВМКБ роҳҳо баста шудаанд. Ситоди бартарафсозии оқибатҳои офат, ки ахиран созмон дода шуд, шабонарӯз фаъолият мекунад.













Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ






