Кӯлоб: «Созандагони Ватан» -пайравони воқеии Пешвои миллатанд»
КӮЛОБ, 09.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ва ҳамзамон «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» як зумра барномаҳои маърифатию таблиғотӣ шуда истодааст.
Тавре Фирӯз Қурбонов, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, дар доираи ин барномаҳо таҳти унвони «Созандагони Ватан» пайравони воқеии Пешвои миллатанд» ҳамоиш баргузор гардид. Аз тарафи аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» варақаҳои армуғонӣ бо нишони ҳизб, инчунин маводи таблиғотӣ бо навиштаҷоти «Соли 2017-Соли ҷавонон» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»» дар бозорҳои «Саховат», «Сомонӣ», «Якуми май», дар назди муҷтамаи 2700-солагии Кӯлоб ва кӯчаҳои марказии шаҳр дастраси мардум гардонида шуданд.
Сипас, Конференсияи илмӣ- амалӣ таҳти унвони «Ҷавонон- неруи рушди устувори кишвар» бахшида ба эълон гардидани соли 2017 соли ҷавонон бо иштироки беш аз 250 нафар аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» баргузор гардид.
Дар кори Конференсия муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева ва дигарон сухан гуфтанд.
Дар Конференсия зикр гардид, ки Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 роҳи ҷавононро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ боз намуда, масъулияташанро дар ин самт баланд мебардорад.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






