Кишоварзони шаҳри Ваҳдат имсол дар 27 гектар боғу токзор бунёд мекунанд

Январь 31, 2017 17:12

ВАҲДАТ, 31.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки масъулини Раёсати кишоварзии шаҳри Ваҳдат ҷиҳати фаҳмонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кишоварзону деҳқонони хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр вохӯрӣ доир гардид. Дар асоси таъкидҳои Пешвои миллат, ки соҳаи боғу токпарварӣ бояд ба яке аз соҳаҳои сердаромадтарини ҷумҳурӣ табдил дода шавад, соли 2016 дар шаҳри Ваҳдат 46 гектар боғу токзори нав бунёд гардид. 7 гектар боғу токзор аз нав барқарор шуд, ки нисбат ба нақшаи тарҳрезигардида 39,8 гектар зиёд мебошад. Дар ин бора мудири шуъбаи Раёсати кишоварзии шаҳри Ваҳдат Эмомалӣ Ахмедов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар ҷамъомад кишоварзони шаҳр дар назди худ мақсад гузоштанд, ки баҳри таъмини нишондиҳандаҳои иқтисодиёти шаҳр ва зиёд намудани ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кооперативҳои истеҳсолӣ соли 2017 дар майдони 27 гектар боғу токзор бунёд менамоянд. Ҳамчунин дар 5809 гектар кишти зироати тирамоҳӣ ва дар 6640 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида мешавад.

Январь 31, 2017 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»