М. Гулзода: «Аспирант бояд дар тӯли таҳсил худро ҳамчун корманди мустақили илмӣ омода созад»
ДУШАНБЕ, 30.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Оид ба ҷанбаҳои асосии фаъолияти бахши аспирантура, ошкор намудани мушкилоти мавҷуда ва дарёфти роҳҳои дурусти ҳалли онҳо бори аввал бо ташаббуси ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода вохӯрии аспирантон ва роҳбарони илмии онҳо баргузор гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.
Дар вохӯрӣ сарвари донишгоҳ ҷараёни омӯзиш ва омодагии аспирантонро вобаста ба анҷоми корҳои илмиашон ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуда, зикр кард, ки аспирант бояд на танҳо барои ноил гаштан ба дараҷаи илмӣ кӯшиш намояд, балки зарур аст, ки дар тӯли таҳсил худро ҳамчун корманди мустақили илмӣ омода сохта, қобилияти эҷодкорӣ, пешниҳод ва ҳалли масъалаҳои илмиро дар худ тарбия намояд.
«Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гаштани соли 2017 ҳар як ҷавони донишомӯзро водор месозад, ки ба вазифаи хеш сидқан муносибат намуда, баҳри аз худ намудани донишҳои замонавии касбӣ ва муваффақ шудан ба ҳимояи рисолаҳои илмиашон аз тамоми воситаю имкониятҳо васеъ истифода баранд. Раёсати донишгоҳ дар навбати худ омода аст дар лаҳзаҳои мушкил ба аспирантон сари вақт кумаки худро расонад»,- иброз намуд ректори донишгоҳ.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






